Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷавоби хурӯс

—Агар ки шоҳ бошӣ, Соҳибкулоҳ бошӣ.
Бахтат кую тахтат ку, Тахтат кую бахтат ку?
—Мокиёнҳо—бахти ман, Бахти ману тахти ман.
Чун ҳазрати Сулаймон Тахти ман бошад равон.

Муаммо

Пурсидааст Ардашер Аз додои худ Озар:
—Дар вақти борон оё Хуршед мешавад тар?

Гулзамон

—Баҳри чӣ мурғамонро
Мекушӣ додои ҷон?—
Аз дадояш пурсидаст
Духтари ӯ Гулзамон.

—Чунки тухм наорад, — Гуфто дадояш хандон.
—Гар кушӣ, меорад тухм? — Бозаш гуфто Гулзамон.

Дирижёр

Болои навда мурғак Хонад ба беқарорӣ.
Поёни навда рӯбоҳ Мекунад дирижёрӣ.

Ҳайрат

—Як лаҳза хомӯш,
Эй духтари ҷон.
Гӯшам бибурдӣ
Ба оҳу афғон.

—Ин сон ки бошад,
Эй модари ҷон.
Гӯшворҳоят
Чаро овезон?

АШКШОРОН


Насими Ғарб бӯи фаҳш меорад ба боғи Шарқ,
Худоё, шамъи моро боди дайду мекунад хомӯш.


Ба пастӣ аз баландиҳо назар андӯхтан мардист,
Зи сахра мепарад дарё, ки ҷон бахшад биёбонро.


Ба гардун мекашад сар бо ҳама хокинажодиҳо
Касе чун кӯҳсорон лаълу ёқут дар бағал дорад.


Гувоҳӣ медиҳад печу хами ин мӯи пуртобам,
Ки чун афтодаам дар оташи ишқи ҳавассӯзат.


Бубинӣ кӯтаҳӣ дар сатрҳои шеъри ман имрӯз,
Нишони кӯтаҳии рӯзгори нобасомон аст.


Ба нури илм мегардад ҷаҳони ҷаҳли кас равшан,
Шавад соя зи боло рафтани хуршед кӯтаҳтар.


Фазои синаро пур аз шарори меҳру шафқат кун,
Самои пурситора муждагӯ аз софии рӯз аст.


Надидам ҷонфидо чун хома андар ҷодаи мардӣ,
Ки умри хешро кам карду умри дигарон афзуд.


Баҳороғӯши ту рамзи ҷавониву сари сабз аст,
Парастуи ду абрӯят бувад пайки баҳори ман.


Надидам беҳтар аз ғам ёваре дар роҳи тақдирам,
Ки шодӣ рафт, аммо ғам нарафт аз ин дили пирам.


Куҷо болонишин парвои ҳоли зори мо дорад,
Куҷо тоқӣ хабар дорад, ки ҳоли кафши по чун аст.


Калиди қуфли мақсад лутфу эҳсон аст, медонӣ,
Ба нармӣ мерабояд бод аз гулзор бӯи гул.

пешина
аз 118
навбатӣ