Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Метавон андар диле ҷо кард чандин орзу,
Тор бисёр аст дарзирову сӯзан як бувад.


Ҳаст андар вожаи «бастан» кушоданҳо гираҳ,
Мешавад бикшода кори халқ аз оббандҳо.


Вақти пирӣ одам аз ҷурму хато бошад барӣ,
Оби дарё пок мегардад ба ҳангоми хазон.


Даргузар аз он ки ӯ наншаст дар мавқеи худ,
Тухм ҷогардон шавад, аз ӯ умеди чӯҷа нест.


Гарчи бар нахли умеди ман табарҳо мезананд,
Шохаҳои орзуям бештар оранд бор.


Вергулзулфи ту моро медиҳад ҳар дам фиреб,
Нуқтаи коми дили ман нест дар сатри қадат.


Рафта-рафта рӯзгори рафта ширин мешавад,
ИДМ хуб аст, аммо шӯравиям орзуст.


Баччагӣ бар ёдам ояд, к-аз раҳи завқу ҳавас,
Ризқ чун тӯб аст гӯё, медавам аз пушти он.


Хирмани мақсуд сӯзад з-оташи барқи талаб,
Шамъ аз теғи забонаш мекунад худро ҳалок.


Нестам осуда зери сояи шахси дигар,
Ман шабеҳи нахл худро соябонӣ мекунам.


Ҳамраҳи равшандилон будан саодат ҳасту бас,
Дуд аз оташ ҷудо гардад, парешон мешавад.


Меҳрубониҳои ноҷо гаҳ барад бар доми марг,
Шабнам аз як бӯсаи хуршед нобуд мешавад.

пешина
аз 118
навбатӣ