Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳурмати борон

Ба ҳурмати қудуми обияш
Гиёҳу нахлҳо ба по шавад.

Пайрави баҳор

Шукуфтанист,
Аз яхча гул дорад.
Дай пайрави баҳор аст.

Табдил

Нарм будам мисли борон,
Аз ҳавои сарди ишқат
Жола гаштам.

Санговдавак

Азбаски будаст вазни шеърат сангин,
Санговдавак туро тахаллус карданд.

Гирдоб

Шеъри дарё то шавад мавзун,
Меравад дар худ фурӯ гирдоб.

Вақт

Рафт агар, рафт,
Барнамегардад.
Вақт мард аст.

Баҳор

Нест гарчи фасли Наврӯз,
Дар дили ман ҷунбиши шавқи баҳорон аст.
Чашмҳои сурхи бехобам
Лолаҳои арғувон аст.

Шоми зангӣ

Шоми зангиям,
Ахтаронам ҳаст дандонҳои ман.

Зинароҳ

Кӯҳзодам,
Зинароҳи кӯҳсорон
Зинароҳи қуллаи шеъри ман аст.

Сардорзу

Сард аст ҳавои орзуям,
Барфи сари ман намешавад об.

Ошиқ

Нест ошиқ ҳеҷ кас монанди борон бар замин,
К-аз барои бӯсае
Хешро меафканад аз осмон.

Дарё

Бувад ду соҳили дарё
Ду мисраъ,
Мисраи воло.
Шикасти мавҷҳо рукнанд,
Ҳар рукнаш тару шево.

пешина
аз 118
навбатӣ