Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Бизан ангушт
Диламро санг гуфтӣ, санг,
Ки аз меҳру вафо дар он асар набвад.
Магӯ беҷо,
Агарчи санг гуфтӣ ин дили дардошноямро,
Бизан ангушт,
Ки аз ҳар тори ӯ бинюшӣ оҳанги вафоямро.
Нашв
Ёди умри рафта кардам,
Аз самои дидаҳоям рехт
Қатраборонҳои хун бар мазраи рухсораҳоям.
Сабз шуд дар майсазори мижжаҳои ман аз он
Лолаҳои арғувон.
Заминӣ
Шеърҳоям осмонӣ нестанд,
Ман заминӣ шеър хоҳам гуфт.
Тобиш
Гарчи чун зангӣ
Ҳаст ранги ман сияҳ, аммо
Кард рангам зард ҳамчун заъфарон
Рӯзгори нобасомон.
Бӯсаборон
Агар дашту даманҳоро,
Агар боғу чаманҳоро.
Мазид аз юмни борон аст,
Мазиди ҷумлаи ошиқ
Зи юмни бӯсаборон аст.
Қалам
Эй Қалам,
Ман қалам бигрифта бар даст
Ғуссаҳоятро қалам созам.
Шохаҳои хушки мевадор
Шохагуна
Гарчи бебарганд ангуштони модар,
Мева доранд аз дуо.
Сангтӯда
Сангтӯда…
Тӯдаи мардони бофарҳанг,
Тӯдаи мардони бономус
Оташеро, ки ниёгон
Аз замири санг мекарданд эҳё,
Ин замон бо рӯҳи зардуштӣ
Мекунанд аз об пайдо.
Сано
Гарчи дорам дасти кӯтаҳ,
Шукри он дорам, ки ақлам кӯр нест.
Мӯд
Ранг кардан зард мӯро гашт мӯд,
Ҳамчунон ман мӯлабамро
Зард хоҳам кард бо дуди сигор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё