Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Бод
Баски ҳар чиз меравад бар бод,
Кардаам бодро ба анбон ҷо.
Ғарқа
Коса-коса хун гиристам аз ғамат,
Ғарқ гаштӣ ту ба хуни ҳавзаи чашмони ман.
З-он ки ҷо дар ошёни дидаҳоям кардаӣ.
Аждар
Шуд зиёд аждар,
Гир ханҷар.
Чун Таҳамтан
Зан ба фарқаш, зан!
Алҳазар!
Хонаро рӯпӯш кардан кори хайр аст,
Алҳазар! Гар
Хонаи ҷурму гунаҳ рӯпӯш гардад.
Ханҷар
Чун ба дастам нест ханҷар,
Аз ғазаб,
Аз кин ба душман
Мӯйҳоям сих гашта,
Дар бадан ханҷар шаванд.
Наврӯз
Аз ту розӣ нестам, Наврӯз,
Омадиву аз қадамҳоят
Нарх дар бозор боло рафт.
Шикасти бесадо
Бишканад чун шиша аз санг,
Медиҳад овоз, лек
Шишаи қалби ман аз санги замон
Бесадо бишкаст.
ФАВВОРАНОМА
Фаввора 1
Ҳамчунон як духтари қадрас,
Ки чашад аз меваи боғи арӯсӣ,
Аз ҳарири об фаввора
Пераҳан кардаст бар тан.
Фаввора 2
Аз тамаъ, Ғаффоралӣ,
Пеши пои мардуми нокас наафт.
Аз баландӣ ҳам биафтӣ,
Ҳамчунон фаввораи об
Пеши пои худ биафт.
Фаввора 3
Шеър гӯяд,
Шеъри обӣ.
Шеъри рӯҳафзо.
Муштарӣ
Қатра-қатра нӯши ҷон дорад ҳуруфи тозаи фаввораро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё