Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ваҳдат

Чӯби ноҳамворро сайқал дами таш медиҳад,
Дарзаи шоху шапар гармии оташ медиҳад.
Ваҳдати халқ аст аз ҳампешагию ҳамдилӣ,
Торҳои ҷӯр савту сози дилкаш медиҳад.
Хонаи дил мешавад ифлос аз буғзу ҳасад,
Чашма гилолуд бошад, ҳусни нохваш медиҳад.
Нахли Истиқлол дорад меваи якпарчагӣ,
Ҳар куҷо бегунахӯ санге ҳавояш медиҳад.
Бо русуми рафтагон пайванд мебояд шудан,
Рабти дандонҳои шона панди беғаш медиҳад.
Медиҳад довар баҳо бар худшиносиҳои мо,
Чун баҳои зарби тиреро камонкаш медиҳад.
15.04.2001.

Дорам ҳанӯз

Гарчи рӯзам тор шуд, майли саҳар дорам ҳанӯз,
Аз диёри орзуҳоям гузар дорам ҳанӯз.
Кохи ваҳдатро заволе дар миён афтодааст,
Баҳри тармимаш талоше аз дигар дорам ҳанӯз.
Зоғ дорад қар-қари беҳуда арчи ин замон,
Гӯш бар оҳанги мурғи нағмагар дорам ҳанӯз.
Тешаҳо бар кундаи сарсабзи оинам заданд,
Реша дар об аст, уммеди самар дорам ҳанӯз.
Чун ғубори корвоне шуд парешон хотирам,
Бахши фатҳи қуллаи армон сафар дорам ҳанӯз.
Бар ҷабинам байтҳои чин аз он саф мекашанд,
З-он ки ман дар сар ҳавои шеъри тар дорам ҳанӯз.
7.10.1994.

пешина
аз 118
навбатӣ