Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Эҳсос
Дар раҳи пурпечу хам хавфу хатар бисёр нест,
Дар бари шабзиндадоре гаҳ нишастан ор нест.
Ҳар кӣ аз рӯи ҳавас дар маҷлиси озодагон
Ҳарзабофиҳо кунад, ҷуз бадтарин рафтор нест.
Дос ҳам бо қомати чангаш даравҳо мекунад,
Қомати чанги касе аз сустии пайкор нест.
Қавм дар якҷоягӣ бар хасм меорад шикаст,
Донае ҳаргиз нишони ҳастии хирвор нест.
Корро қонуни худ ҳасту чу ҳар ноқобиле
Латтае бар сар бипечонад агар, дастор нест.
Зумрае гар ақлу виҷдонро ба савдо мезананд,
Номбардории миллат дар сари бозор нест.
Меҳнати мо мекунад бӯҳрони моро пушти сар,
В-арна ноне, ки бихоҳӣ, дар дили анбор нест.
Доғ
Чун «Абисто» рангзард аз рӯзгоронам ҳанӯз,
Дидаи пуроб чун толоби боронам ҳанӯз.
Майсаҳои орзу ҳарчанд дорам беҳисоб,
Ман замини зиндаи дар зери бетонам ҳанӯз.
Дар азои дарду доғи беқиёси Ориё
Навҳагар чун торҳои обшоронам ҳанӯз.
Баски бо хуни шаҳидон лаъл бандад хуни ман,
Ман ҳамон як пораи лаъли Бадахшонам ҳанӯз.
Омӯхтам
Хушхиромиву равониро зи об омӯхтам,
Бӯи мушк ангехтанро аз гулоб омӯхтам.
Банди тадбире кушоям то ба ангушти хиёл,
Зиндагиро сафҳа-сафҳа чун китоб омӯхтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё