Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шаб дар лаби рӯди ашки ғам биншастам,
Моҳии тилоие назад дар шастам.
Дидам ки муроди дил муяссар нашавад,
Бар санг зада шасти тиҳӣ бишкастам.

Гар бода шавӣ, ман қадаҳат мегардам,
Дар дашти ҳавас нақши раҳат мегардам.
Имрӯз агар барқ ба дай анқоист,
Ман гарм зи барқи нигаҳат мегардам.

Доништалаб имрӯз чи бепарво аст,
Табъаш чу вазиру хеш мисли шоҳ аст,
Дафтарчаи имтиҳони ӯро бинед,
Дар дасти муаллимони донишгоҳ аст.

Он чашм манам, ки хуфту хобам надиҳанд,
Дар умр ба ғайр аз шитобам надиҳанд.
Хоҳам ки зи бодаи ҳавас нӯш кунам,
Ҷуз шишаи холии шаробам надиҳанд.

Тақлидгари Ҳофизу Бедил гаштем,
Бурдем гумон, ки шамъи маҳфил гаштем.
Ғофил, ки маониро ба монандаи тифл
Дар батни сухан бикушта қотил гаштем.

Номи ту, ки бар забон биёрам доим,
Аз даст равад сабру қарорам доим.
Ту сӯзану қартааш манам, к-аз дастат
Оҳанг зи қаъри ҷон барорам доим.

Як умр чу нахл шири борон хӯрдам,
Аз синаи абри кӯҳсорон хӯрдам.
Чун дона ба хок кишта обичаи даст,
Ман нони ҳалол ҳамчу деҳқон хӯрдам.

пешина
аз 118
навбатӣ