Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Аз шохаи хушк меваи тар талабам,
Аз нуқраи хом ҳалқаи зар талабам.
Дар фоҷиаи қабилаи тоҷбасар
Ҷурм аз кӣ гузашт, ҳукми довар талабам.
Дидӣ чу ҳама саҳву хатоям, эй гул,
Мондӣ чу ибора ҷо ба ҷоям, эй гул.
Номат, ки Муқаддас аст, аз хотири ту
Шаҳр аст муқаддас аз бароям, эй гул.
Хандӣ ту агар, чу хонаи нор биханд,
Бо дидаи пурсиришку хунбор биханд.
Дар базму тараб ханда задан осон аст,
Монандаи гул дар бағали хор биханд.
Печида ба занҷири ҳавасҳо дили ман,
Побанд ба риштаи нафасҳо дили ман.
Хуншор намуда нӯлу минқор чу боз
Дар ҷанги шикастани қафасҳо дили ман.
Ман шефтаи нигоҳи мастат бошам,
Моҳӣ шудаву асири шастат бошам.
Ту ошиқи оинаву ман ошиқи ту,
Эй кош, ки оинаи дастат бошам.
Мо зодаи кӯҳу кӯҳсонем ҳама,
Дилсоф чу чашмаҳои онем ҳама.
Дар ҷанг миёни мо парешонӣ нест,
Сад тири даруни як камонем ҳама.
Рӯзе ки таноби умри ман тофтаанд,
Дар рағзаи зиндагониам бофтаанд.
Монандаи қолин гаҳам овехтаанд,
Гаҳ чун гиламам ба хок партофтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё