Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба олам ҳар киро дардеву оҳ аст,
Ғуборолуда ҳам атрофи моҳ аст.
Гарон бошад зи бас бори қатора,
Варо «нолидан» аз дурии роҳ аст.

Камон, аз дасти ту осоише нест,
Зи шурби зиндагӣ як ромише нест.
Барои қатлу хуне рехтанҳо
Ба пеши қотиле хам гаштанат чист?!

Ҳавои баъди боронро парастам,
Шуои шамси рахшонро парастам.
Мани ошуфта аз дидори маҳбуб
Табассумҳои ҷононро парастам.

Ба дунё ҳар чӣ дорад рангу бӯе,
Ҳар он чӣ мекунад авҷу нумӯе.
Вале дидам сияҳдилро, ки чун об
Бувад гандида бар истодаҷӯе.

Ба васфат, эй Ватан, ашъор дорам,
Ба сина меҳри ту бисёр дорам.
Барои ҳифзи ту аз хасми малъун
Ду дида рӯзу шаб бедор дорам.

Барояш чашмаи саршор будам,
Гузаргоҳи варо гулзор будам.
Ба ёди фаҳми нозу шеваи ӯ
Сабақомӯзи ишқи ёр будам.

Ҷавонему баҳоронро парастем,
Навои чашмасоронро парастем.
Намуда зиндагии пурлатофат,
Сафои рӯзгоронро парастем.

пешина
аз 118
навбатӣ