Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Туро бӯям зи гулбарги ҳавасҳо,
Туро ҷӯям чу ҳар сатри Авасто.
Ба ангушти хаёли дурпарвоз
Ба ҳасрат ҳар замон кӯбам даратро.

Ба ёди рафтагон месӯзам имрӯз,
Сипандам, ҳар замон месӯзам имрӯз.
Нагардад оташи Зардушт хомӯш,
Чароғи хеш меафрӯзам имрӯз.

Ҳама аҳли ҳунар будему ҳастем,
Баҳори гулбасар будему ҳастем.
Ба дунёи вафою сулҳҷӯӣ
Чу хуршеди саҳар будему ҳастем.

Қарори қалбҳои беқарорем,
Шарори чашмҳои бешарорем.
Мадори узвҳои бемадорем,
Барори корҳои бебарорем.

Нигоҳи дилрабоятро парастам,
Лабони ғунчасоятро парастам.
Мани ошуфтаи оғӯши гармат
Канори ҷонфизоятро парастам.

Ба зоҳирбин баҳо додан нашояд,
Ки зоҳирбин на аз мардони доност.
Чунон ки кирми пилла зиштрӯ аст,
Вале абрешиме бидҳад, ки зебост.

Ба шахси дар миёни роҳмонда
Дигарҳо ёрии худро расонанд.
Чунонки мошине аз по бияфтад,
Ба мошини дигар онро кашонанд.

пешина
аз 118
навбатӣ