Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Замину ахтаронро дӯст дорам,
Баҳору духтаронро дӯст дорам.
Барои ҳифзи сулҳу шодкомӣ
Силоҳу аскаронро дӯст дорам.

Ҷавонему ҷавонему ҷавонем,
Чу дарёҳо ба саҳроҳо равонем.
Нагирад пеши роҳи мо ягон садд,
Ки мо саркаштар аз шери жаёнем.

Замин гаҳвораи мардони дунёст,
Замин сарчашмаи эъҷози дилҳост.
Замин майдони разму қаҳрамонист,
Замин сабзинқабои пиру барност.

Сароям дӯстии дӯстонро,
Сароям шодию сулҳи ҷаҳонро.
Дилам лабрези меҳру дӯстдорӣ
Сароям ишқи поки ҷовидонро.

Навои шодмонӣ дорам имрӯз,
Ҳавои зарфишонӣ дорам имрӯз.
Мисоли Панҷ карда шӯру туғён,
Ба ҳар мавҷам ҷавонӣ дорам имрӯз.

Баҳор аз ишқ мехоҳам ҳамеша,
Мадор аз ишқ мехоҳам ҳамеша.
Барои гуфтани ҳар байти тоза
Барор аз ишқ мехоҳам ҳамеша.

Шароби ишқи ту дар ҷом кардам,
Шаби тӯят ба ту инъом кардам.
Гумон кардам, ки мастат мекунад ишқ,
Худоё, чӣ хаёли хом кардам.

пешина
аз 118
навбатӣ