Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷавонӣ буду бо шӯри ҷавонӣ
Туро чун орзу дарёфтам, гул.
Барои васфи ту дар дафтари шеър
Чу мӯят қиссаҳое бофтам, гул.

Яке кибру ғуруре пеша дорад,
Яке бадгӯие андеша дорад.
Вале дар боғзори синаи ман
Дарахти некроӣ реша дорад.

Лаби дарё чи хушбоду ҳавоест,
Дили дарё чу тори пурнавоест.
Ба чашми ақл агар онро бубинӣ,
Чи шӯре дар миёни мавҷҳоест.

Ба номи нек аз дунё равонам,
Чу аҷдоди худам ки бонишонам.
Ба вақти пириям бо қомати хам
Ба душман зарбазан мисли камонам.

Вафои духтарон бодо ҳамеша,
Навои шоирон бодо ҳамеша.
Барои роҳи бехавфи писарҳо
Дуои модарон бодо ҳамеша.

Ба ёди ту дили ман мезанад гум,
Хаёлӣ бингарам то моҳу анҷум.
Рухи гандумнамоятро чу дидам,
Чу мурғи гушнаам дар фикри гандум.

Баҳори дилкушо дорад дили ман,
Суруди ҷонфизо дорад дили ман.
Ватан обу гиламро хуш сириштаст,
Замини босахо дорад дили ман.

пешина
аз 118
навбатӣ