Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Барои тангдилҳо даҳр танг аст,
Барои кӯрақлон шиша санг аст.
Барои хомтабъон шаҳд бас талх,
Барои бетифоқон умр ҷанг аст.
Рубоби умри мо пурҷӯртар бод,
Сутуни умри мо пурзӯртар бод.
Ба нури офтоби сулҳ ҳар дам
Самои умри мо пурнуртар бод!
Парастам нони гандумро ҳамеша,
Нишоту ризқи мардумро ҳамеша.
Ба роҳи рост гардида нишона,
Бигирам дасти раҳгумро хамеша.
Зи устодон наранҷам ҳеҷ гоҳе,
Чу эроде ба ашъорам бигиранд.
Манам он навниҳоли ғавдали боғ,
Ки шохи хушку беборам бигиранд.
Табассум карданатро дӯст дорам,
Такаллум карданатро дӯст дорам.
Ба ман меҳру вафоро карда ҳадя,
Тараҳҳум карданатро дӯст дорам.
Баҳори оламороро парастам,
Хурӯши мавҷи дарёро парастам.
Барои зиндагии некмардон
Силоҳи сулҳи дунёро парастам.
Чу кӯҳе пурсахоӣ, эй диёрам,
Чароғи бахти моӣ, эй диёрам.
Ба ин паҳноиву бо ин бузургӣ
Даруни сина ҷоӣ, эй диёрам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё