Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Гуфта будам, ки шавӣ тобутбардори падар,
Дар набарди зиндагиям ёру ғамхори падар.
То ту будӣ тори дил пур аз навои бахт буд,
Кам садо додӣ бароям, захмаи тори падар.
Нусхае аз асли ман будию рафтӣ з-ин ҷаҳон,
Шеърҳоямро ту мехондӣ ба назди дӯстон.
Аз тафохур то ба гардунҳо ҳамесудӣ сарам,
Сардие дар маҳфилам ҳаргиз намеомад аён.
Дод аз дасти аҷал, сад дод аз дасти аҷал,
Мекунам фарёду ҳам фарёд аз дасти аҷал.
Ғунчаҳои орзуям аз тароват монд, монд,
Ҷумла шуд якборагӣ барбод аз дасти аҷал.
Хез аз хобат, писарҷонам, бихез аз хоб, хез,
Дар замини умр райҳонам, бихез аз хоб, хез.
Н-оядат раҳме ба чашмони тарам, эй нозанин,
Эй табиби дарди ҳиҷронам, бихез аз хоб, хез.
17.04.1992.
Сайёрае рафт
(Нолаи апаи Рӯзигул дар вафоти духтари
ғӯрамаргаш Сайёра)
Аз осмони бахтам
Канда Сайёрае рафт.
Як рӯшноӣ доду
Худ чун шарорае рафт.
Парвонаам, ки сӯзам
Бо ёди шамъи рӯяш.
Рӯзам сиёҳ гардид
Чун тирагии мӯяш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё