Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Пардоз дода худро
Чун як арӯси хушрӯ.
Шишта ба аспи чӯбӣ,
Омодаи сафар ӯ.

Дар оташи фироқаш
Ҷонам кабоб имрӯз.
Дар шохи мижжаҳоям
Ку мурғи хоб имрӯз?!

Бемисл духтаре буд
Рӯҳу равони оча.
Ҳам шеърхону гапдон,
Ҳам хонабони оча.

Бишкаст қомати ман,
Хам зад миёни ота.
Бигсехт боби маънӣ
Аз достони ота.

Чун бо қатораи вақт
Рӯзи сияҳ сафар кард.
Хушеди ёди васлаш
Шоми маро саҳар кард.

Аз осмони бахтам Канда Сайёрае рафт.
Як рӯшноӣ доду Худ чун шарорае рафт.
6.08.2000.

Моҳбегим
(Навҳаи дӯстам Салим дар вафоти завҷааш)

Моҳбегим, ҳамчу шамъе дар ғами ту сӯхтам,
Шуълаи ёди туро дар синаам афрӯхтам.
Рози пинҳони диламро фош созам бо дутор,
Ончунон ки об ҷӯшад, беқарорам, беқарор.
Мепарад мурғи хаёлам дар ҳавои диданат,
Бар димоғам мерасад бӯи хуши пироҳанат.
Мондаӣ танҳо марову рафтаӣ дорулбақо,
Бе туам имрӯз чун сатри пур аз саҳву хато.
Хонаам бе ту мисоли деги бесарпӯш монд,
Чашмаи бахту сурурам ногаҳон аз ҷӯш монд.
Аз самои дидаам як ахтари масъуд рафт,
Аз танӯри пайкарам оҳу фиғон чун дуд рафт.
Сабзаи доғат дамад, эй Моҳбегим, бар ҷигар,
Мекунам бо сӯзи ту шабзиндадорӣ то саҳар.
Нестам аз ту ҷудо, аз ту ҷудо. эй Моҳи ман,
Лолаи ҳаҷри ту рӯяд дар замини оҳи ман.
15.01.2001.

Шоми мотампӯш
(Тасаллияте барои дӯстам Миралӣ дар вафоти
фарзандаш Шерафкан)

Аз шикастат, шохи армони падар,
То фалакҳо рафт афғони падар.
Аз саҳоби дида борон рехтам,
Хешро аз нӯги мижгон рехтам.
Хонаи дил лонаи занбӯр шуд,
Гӯриҳои ман даруни гӯр шуд.
Чашмасори шавқи ман беҷӯш гашт,
Бомдодам шоми мотампӯш гашт.
16.06.2002.

пешина
аз 118
навбатӣ