Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
То кунад чун алангаат тасвир
Диего Риверо, хирси пурбардошт,
Аз ҳама рангҳои рўи ҷаҳон
Арғувонро ба мўқалам бардошт.
Биние хат ба устувоӣ дод
Чашмро чашмаи зиёи ҳаёт.
Чун тану лаълу нохуни ту дид
Оби ҳасрат зи чашми моҳ чакид.
Ҷои пистон ду қуллаи барфин,
Ҷои рухсораҳот аз гили шед
Ў ду вулқони Араукон бикашид.
Кулаҳе аз манораи оташ
Ба сарат монду ними рўи маро
Дар дили он аланга кард баҷо.
Бори дўши рўзҳои рафтааст имрўзи мо
Насяҳои рўзи фардо бол мебахшад варо.
Ў кунун самти ҷануб асту қиёми обҳост
Рўзи фардо дар назар чун ҳусни тар рахшад варо.
Барги рўзи паркушода аз ниҳоли умри мо
Ҳолиё гирди лаби ту нақши хеш афшурдааст.
Аз хами паскўчаи торе шитобон аст дўш,
Ранги рўи ў ба чашми мо чу рўи мурдааст.
Дўшу имрўзу пагаҳ-рўз аз паи рўзи дигар
Рўзҳоро мо мисоли говҳо сар мезанем.
Лек, оё подаи мо бешумор аст ин қадар?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё