Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Лаби пиёдаам ба синагоҳи ту
Расидаву чу раҳгуми хаёлиест,
Ба пуштае ба ларза мебарояд ў,
Зи пуштае ба ларза мефарояд ў.
Ҳам аз шимолу аз ҷанубу шарқу ғарб
Ба сўи синаи ту роҳи бешумор,
Валек роҳи бозгашти ў куҷост
Фитад ба ҷангал ар касе нахуст бор?
Чунон ки гўш монда бар замин хамўш
Садои чархаи қатора пояд ў,
Ниҳодаам ба синаи ту гўши хеш
Ба бўи тук-туки баланди қалби ту...
Ҷўши нутфаи озодӣ дар бадани дарахтон
Баҳор аст,
Дар бадани инсон
Шаҳват.
Дар бадани давлат
Инқилоб
Ва ҳама хуни хушида мерезонанд:
Баҳор, хуни хушки дарахтон,
Шаҳват хуни хушки ҳаё,
Инқилоб – хуни хушки сиёсат.
Яке ба зиндони мева меафтад
Дигар ба зиндони бачадон,
Се дигар ба зиндони камону тўб,
То рехтани хуни хушки андеша
Ҷўши нутфаи озодӣ меравад боло...
ЧАКОМАИ ОЗОДӢ
Озодӣ,
Ба рамзи Аҳурамаздо дар ҳалқаи шаш амшоспанд,
Ситораи рўз дар даст берун омад.
Ва субҳро аз паи худ хонд,
Субҳ Хуршедро,
Хуршед Ҷамшедро,
Ҷамшед Зартуштро,
Ва Зартушт ҳафт ранги нурро тафсир дод,
Он қадар тафсири нуронӣ, ки ҷон ҳам хешро,
Андаруни нур диду гуфт:
Офаридан сулҳро обастан аст аз нур,
В-аз ғуломиву гадоӣ ҳар кӣ обастан бувад,
Аз куҷо мезояд Озодӣ?...
Сояи ин нурро Мўсо асои хеш кард,
Мисрро дарвеш кард.
Соя чун гардад асо?
Аз барои панҷаи худ
Порае бирбуд Исо нурро,
Румро ў муму хеши кеш кард.
Мағзи Мағрибро калўши пеш кард
Нурдуздӣ расм шуд...
Тофт бо як ранги тиллоӣ ба чашми халқ нур,
Ҳафт ранги нур шуд аз чашми маънӣ дур.
То намояд ҳафт ранги ҷовидони нурро,
Ҷомаи ҷисмонӣ пўшонид Монӣ нурро.
Ишқи Исо гарчи з-ин тафсири нур
Боз нури тозаи ҷонӣ гирифт.
Ориё дар худ парешонӣ гирифт
Ончунон кўбид Мониро, ки Мониро қалам
Ҷониби Мағриб париду сабз шуд...
Ранги зардаш аз пайи Салмон биёбонбўс шуд,
Нур бо шамшер пайваст,
Ҳамчу Салмони пушаймон нур пири кўз шуд,
В-он ки яктоии яздонро ҳам акнун мешинохт,
Бар сари мойи ҳазоронсола яктоинамоз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё