Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Обро ў гуфт: – Дил шав! Дил нашуд,
Нурро ў гуфт: – Гил шав! Гил нашуд.
Дилхамири тоза шуд хоки Ватан,
Нони хони мотам-идроки Ватан.
Зери каф молид маҳкам дилхамир,
Ҷойи дилро чид маҳкам дилхамир…
Шабнаме шуд дар кафи поки Ватан,
Шуд гиребони дилаш чоки Ватан…
КИМИЁ
Ҷаҳоне бо замонҳо кимиёхез,
Замину осмонҳо кимиёзхез.
Ба ҳамройӣ, ки як дил офариданд,
Ба як дил шишта дунё кимиёхез.
Зи дирўзу зи имрўзу зи фардо,
Бувад пайванди ҷонҳо кимиёхез.
Зи тифливу ҷавониву зи пирӣ,
Бизояд умри бино кимиёхез.
Ватанро болу пар аз мо бирўяд,
Ҳунар пар зад гар аз мо кимиёхез.
БАРОИ МУҲАММАД ҒОИБ
Дарёйи замин куҷост дарёйи дилаш,
Кай рўйи замин ниҳода по пойи дилаш.
Ў ғамсафару шарики армони дил аст,
То бехта шуд зи ишқи дил ҳойи дилаш.
Дарёйи замин, ки сина молад ба замин,
То нони шумо шавад, бинолад ба замин.
Дарёйи Муҳаммад асту побўсии дил,
То дил ҳама як шавад, биболад ба Замин.
Ду чашми тари ў, ки зи як Данғара хост,
Аз данғараҳойи дашти шеър обилапост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё