Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Гар донаву фасли дона як будаву ду,
Ў донафишони ҳама рўзу ҳама ку.
Аз модари хеш то ҷудо афтодаст,
Айём чу модараш бағал накшодаст.
Ў мераваду ашки ятимӣ пайи ў,
Чун аз паси модараш равон тай-тайи ў…
Ту магў, имрўзи танҳоям,
Бо замин ҳамзоду ҳампоям…
Дон, ки ман пеш аз Замин будам,
Бо Худо ҳамофарин будам.
Баъд аз ин вогў, ки мурдан чист?
Дар ду дунё ҳеҷ мурдан нест.
Гирди худ гаштан чӣ дерин аст,
Навшавиро ин худ оин аст.
ГУЛБАРГҲОИ КАФИ БОД
Миллати ашкфурўш
Хуни худ бепул дод.
Ҳайрони андешаи бодам,
Ки гулро мебўсаду ба хок меғелад...
Ҳарфи ў аз сайри гардун меравад,
Баҳси ман аз чирки нохун меравад.
Мавлавӣ:
Марди комил дар замири Мавлавӣ
Нест ҷуз Зардушти нури маънавӣ
Рафт болотар зи Қурон «Маснавӣ»
Лек ку ақле, ки бишносад қавӣ?!
Шарқу Ғарб? Ин чӣ сухан? Ваҳдати Кайҳон ин ҷост,
Чу Худо сўйи Худо рўиши инсон ин ҷост.
Гар бубинӣ аз нигоҳи маънавӣ,
Навтар аз Иқбол ёбӣ Мавлавӣ.
Эй Робиаи Балхии ман дар ҳама дунё,
Гармоба шуда бар ту таассуб ба замонҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё