Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Подарҳавои танҳо ку дар ҷаҳон чу қонун?
Омаш намешиносад, зўраш кашад таги по.


Пирӣ тиллост,
Худро худ натавонад истифода кард.


Баргҳои зардро меканд боди тирамоҳ
Чун кафи хушки дуои ман зи шохи зиндагӣ.


Пайғамбаре, ки дин сари шамшер бурдааст,
Аввал Худойро ба дами тир бурдааст.


Алломашуморони худ аз баҳри мукофот,
Боре биҷаҳед он тарафи наҳри мукофот.

Ҳамдардие ба Иқбол

Сад сол биҷўшондӣ, ин мурда ҳамон бошад,
Дар хуни худӣ хўрдан худхўрда ҳамон бошад.


Бар сари ҷўши хатар бин қаҳрамони пештоз,
Дар фиреби содаи ҳам қаҳрамон афтода мо.


Ҳамагӣ зодаи ишқем, ҳама зодаи нур,
Нур бо нур кӣ дидаст, ки зид омаду дур.


Мардум ба боли дониш парвозгар ба Миррих,
Аз гўши ҳам фаротар кай мепарида бошем?!

Барои сўфии бузурги Ҳинд Ошо


То зиндагаре туро чу як Ошо хест,
Сад мурдагари ту бо дусад ғавғо хест.


Гуфтем зи бедорӣ девонагии нав шуд,
Бедории девона бегонагии нав шуд.


Кўҳнашўи тозаҷўро дил куҷо озод буд,
Дар дили шаҳри азимат ом Юмгон офарад.


Сояи теғи Сикандар диду мушакҳои рўз,
Бо ҳама қудрат наёрад тоби як сўфӣ ҷаҳон.


Диниён бинам зи сўфӣ тарсёб,
Аз сиёсӣ то зиёӣ з-ў ба тоб.
Халқи раҳгум чун биёбад рўҳи пок,
Чун зи як сўфӣ чи раҳбарҳо қимоб.


Ояд нафаси кўдаки шир аз даҳани субҳ,
Хушбўтар аз ў хандаи нозе нашамидам.


Ин ҷаҳон хўи ту дорад, тифли ман,
Менавозам, то навозад ў туро.


Тифлон

пешина
аз 186
навбатӣ