Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
На танҳо ба ханда,
Ба гиряи озод низ
Ҳуқуқи озод доранд.
Гўё табиати бузурганд.
Жандабўсии мазори душманон,
Жандапўше кард ҷонро дар бадан.
То биёбиву бибўсӣ гўри дил
Хорзори синаро оташ бизан.
Иқрор низ мардӣ металабад,
На камтар аз синасипарсозӣ барои Ватан.
Зиндаҳо хомўш бо ҳам рў ба рў,
Мурдаҳо ғавғоии тозон ба кў.
Тифли ҳарфи дил баромад боми лаб,
Лағз хўрду мурд дар тобути гўш.
Бесадо пои нигаҳ рў сўи зебоӣ равон,
Пои зебоӣ чунин то синаи мо шуд давон.
Ҷўши ишқам дар забону ҷўши шаҳват дар бадан,
Оламе ҷўшад ду оташ.
Бўстони зиндагонӣ
Об аз оташ мехўрад.
Як ҷомиа менолад аз бори дурўғ, аммо
Як дўш намеёбӣ боре кашад аз як рост.
Чун чашмаки дар дусўя бинад дили ман,
Як олами худ дурўя бинад дили ман.
Лаззату тарс умри чидаи зан,
Шаҳвату тарс умри дидаи мард.
Нони хушке аз дари хуршеду маҳ хоҳад,
Зиндагӣ дарвеши раҳгумкардаро монад.
Аз ишқ водамидӣ, чун нур ворасидӣ,
Якҷо ниҳону пайдо, якрў нави кўҳансўз.
Дар чашми ишқ дида ў дини зиндагонӣ,
Ҳаргиз надида чашме дине бад-ин фатонӣ.
Санги осиёи рашк бар одамӣ давон аст,
Магар ин ки орд созад дили гандумии одам.
Ину онро бишнавӣ ранге садо,
Чун садо яклухт ёбӣ гум садо.
Ҷанги сарди хона аз сардии зан,
Ҷанги гарми хона аз гармии мард.
Муфтхору коҳили рўйи замин,
Зодаи некии заҳматкаш бубин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё