Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз лаби ман то лаби ту
Як биҳишти нозанин роҳ аст;
Гар зи дўзахзори ҳасрат раста оям ман.
Ту зи аърофи гумонҳо ҷаста боз оӣ…


Забони гуфтугўи дил куҷо шуд,
Ки чун боли магас лаб мезанад пар.
Забони дил ба нур омўзад оҳанг,
Забони лаб кунад гўши Замин кар.


Ишқҳо меҷўшад ин ҷо бесухан,
То заминро ҳам ба гуфтор оварад.
Тарҷумони худ бигирад офтоб,
То ҷаҳонро якзабон бор оварад.


Беҳтарин сўҳбати дунё, ки шудӣ,
Беҳтарин гўш манам.
Беҳин андешаи боло, ки шудӣ,
Сари хомўш манам.
Ишқи болотар аз уқбо, ки шудӣ,
Дили дар ҷўш манам.


Бо туам рўи кафи рўз,
Зери поҳои шабам бе ту.


Рўз шуд пироҳани ту.
То намонам урён,
Ҷомаи худ кардаам шабро.


Ҳар кӣ андар дидаи кўдак Худоро дидааст,
Зиндаи нури Худо ҳар ҷо ба дунё дидааст.
То худобинӣ ба чашми кўдакон раҳ дур нест,
Бинад он ки дил даруни субҳи зебо дидааст.


Ту нахуст ошиқи худ шав, ки шавам ошиқи ту,
Лоиқи ҳусни дилат шав, ки шавам лоиқи ту.
Хешро гум чӣ кунӣ дар талаби сидқи касон,
Сидқи худ кун, ки ҷаҳон пур шавад аз содиқи ту.


Чунки Кайҳонро фарогирем,
Кай зи худ худро ҷудо гирем.
Ин кабириву сағирӣ чист?
Мо, ки худ нури Худогирем.

Харитаи Тоҷикистон:
Гулбарги харитачидаро монӣ,
Оҳуи зи ҷо ҷаҳидаро монӣ.


Эй ки аз пайхор7 дуде то димоғат бурдаӣ,
Пуфи зулмат ҷониби ақли чароғат бурдаӣ,


Ду нафар насиҳат мекард:
Яке беҳунари коҳил
Дигаре бе хиради танбал.
Бехираду беҳунарҳое шунавандаи он ду буданд, Хушхираду ҳунар даруни хирад гум буду даруни ҳунар…


Пайхор-героин.

пешина
аз 186
навбатӣ