Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Забонхону забондонам, забонрону забонбонам,
Забонаш дар даҳон, аммо намедонам забонашро.
Ҷаҳондору ҷаҳонёрам, ҷаҳонкору ҷаҳонсорам,
Ҷаҳонбахшу ҷаҳоннақшам, намефаҳмам ҷаҳонашро.
Умри ман ҳамсоли ман буд,
Зиндагӣ ҳамсоли ту,
Моли хоми зиндагӣ ман,
Зиндагонӣ моли ту…
Ғайрати Носир занад наъра зи Юмгон ҳанўз,
Ҳар варақи Занди кўҳ хонда ба рустан маро.
Ҳосили ҳикмати дунё ба Худо пайвандад,
Мо яке ҳикмати ўему ба худ вонарасем.
Гирифтам олами тасвирро дар чашми оятҳо,
Зи дунёи шикоятҳо ба домони ривоятҳо.
Ислом, ки аз решаи мо об гирифт,
Аз реша фаромўшу ба барг об занад.
Дарёии халқ чун шиносӣ,
Дарё нашавӣ яке палосӣ.
Ишқ то аз ман нигаҳ бардошта,
Хоки мурда зери каҳ бигзошта.
Ин хоҷасароёни талабгори ҳама,
Тобанд ба дида гул, вале хори ҳама.
Мураккабро ҷаҳонхоре чу шуд ном,
Чӣ хонӣ сода ошиқро ба дашном.
Ҷуз мутаассиб нашуд ҳосили пайғамбарон,
Мурда ба худ бурдаанд оинаи дини худ.
Дидем басе, ки туф сари гул фикананд,
Кас дид, ки гул низ ба кас туф бизанад?
Ғарб ба соҳат давид, Шарқ ба жарфо кашид,
Оқибаташ бингарӣ соҳату умқи якест.
Аз дидаи худ гар биканӣ холи таассуб,
Рўшан бишавад: – Кундаи раҳ ғайри ту кас нест.
Ба китобхонаи дил бидарову хон китобе,
Ки фаришта низ ояд пеши ту намозхонӣ.
Чу худро биёбӣ хушунат гум аст,
Чу аз худ бурунӣ, хушунат туӣ.
Дине, ки на дар шукуфтани мост,
Ғоратгари рўҳи бефани мост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё