Зеҳн
Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Зеро яке аз яғмогарони ганҷинаи осори Латофати азиз ман ҳастам.
Боре, аниқтараш баҳори соли 2014 як таронаи варо «дуздида», шеър сохтам. Ҳоло вақти иқрор расидааст. Тарона тақрибан чунин буд: «Дарахти пири ҳавлии падар баҳори гузаштаашро хоб мебинад».
Ва ман мисли куҳнадўзе, ки ба матои зебову хушранг матои фарсудаву рангпаридаро дарбеҳ мекунанд, он таронаро чунин ба назм кашидам:
Дарахти хушки ҳавлимон баҳораш хоб мебинад, Ва асби пири бобоям савораш хоб мебинад.
Касе, ки дар дилаш доғ аст, доғи ишқи бефарҷом, Агар як лаҳза ҳам хобад, нигораш хоб мебинад…
Ин шеъргуна дароз аст, аммо «беҳтарин» қисматаш ҳамин буд, ки аз сиёҳнависи пешин ин ҷо кўчондам. Вале ин шеъргунаи дарозу камранг, сунъиву худсохт, назме, ки онро худам ба дунё наовардаам, ҳаргиз ҷои як таронаро гирифта натавонист. Ба ин хотир, онро аз ҳаққи нашр дар маҷмўаҳои ашъорам маҳрум кардам, аммо насўхтам, зеро ин мисраъҳои шогирдона шамими хотироти муаллимаи азизам Латофатро доранд.
Дар як таронаи дигар тақрибан чунин мегўяд: «Дар кафани субҳ парпечам кун». Ман оро чунин ба назм кашида будам:
Парвонасифат ошиқи шамъу шабашам, Гар дар кафани субҳ кунад парпечам.

Инаш он қадар ҳам бад нест, аммо ба ҳазор хубиву зебоӣ ҳосили яғмогарист, аз ин сабаб ҳеч насибамон нагардад.

пешина
аз 29
навбатӣ