Зеҳн
Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Албатта, ин корҳоро дар кўдакӣ кардем ва ҳоло шодем, ки дар раҳи шеър – муқаддастарин падидаи башарият домани ўро гирифта ба по бархостаем (Агар бархоста бошем…).
Дуруд, ба таронанависи хушкор, ки марвориди ишқу муҳаббатро аз тори эҳсос ва он торриштаро аз «сўзани сабр» (ибораи зебо аз таронаҳои Латофати азиз) мегузаронад!

АВВАЛИН ШЕЪР

Аввалин шеъре, ки аз Латофати азиз хондаму писандидаму аз худ кардам, ғазали «Шамъ бе парвона мегиряд хамўш»
буд. Ин ғазал бемуболиға бо ғазалҳои ниёгони хушоинамон паҳлў мезанад:
Шамъ бе парвона мегиряд хамўш,
Чуғз дар вайрона мегиряд хамўш.
Донаи мардумнавозӣ хушк шуд,
Осиё бе дона мегиряд хамўш.

Аҷибаш он аст, ки айнан ҳамин ғазалро Шоири халқии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ дар сарсухани аввалин маҷмўаи ғазалҳои Латофат Кенҷаева бо тахаллуси Сабрин ба сифати намунаи барҷастаи ғазал оварда, ба таҳлилу тафсири он пардохтааст.

пешина
аз 29
навбатӣ