Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хоҳам ба мисли оби дарё бошӣ,
Гаҳ гулшану гаҳ бодияпаймо бошӣ,
Ҷўшиву хурўшиву ситезӣ, аммо,
Дар тирамаҳи умр мусаффо бошӣ.

Қисме аз маҳсули эҷоди солҳои гуногуни адиби хушзавқро дар маҷмўаи “Муаллими сахтгир” пешкаши хонандагони ҷавон гардонида, таманно мекунем, ки дар одамшиносиву камолоти маънавиашон дастгиру мададгор бошад.
БОБО

Ман ҳамроҳи бобоям ба деҳа меравам. Бобоям пиранд, ман ҳоло бачаам. Бо вуҷуди ин сўҳбати мо қўр мегирад.
Баъди як соли ба шаҳр кўчиданамон дадаам ба ҷанг рафтанд. Чор сол дар ҷанг буданд. Дар давоми ин солу моҳҳо рўзе набуд, ки ман деҳаамонро ба ёд наоварда бошам. Аз боғҳои мевазору сою чашмасорон, аз рамаҳои бузу гўсфанду чарогоҳҳои сабзу гулпўши он, аз одамони дилкушодаву ҳимматбаланд ва хушҳолаш бо муболиғаҳои зиёд ба ҷўраҳои шаҳриам ҳикоя мекардам. Ман деҳаамонро пазмон будам.
Модарам мегуфтанд, ки дадаат аз ҷанг оянд, мо боз ба деҳа кўчида меравем. Дадаам дар хаташон ҳамин хел навиштаанд.
Дар ҷанг деҳаамонро хоб медидаанд, оби чашмаро хоб медидаанд. Боз бўи хирмани навкўфтаи гандум ба димоғашон мерасидаст. Зиндаву саломат аз ҷанг оянд, аввал ба деҳа рафта, ду кафашонро пур карда, аз чашма об мехўрдаанд.
Оқибат он рўз расид: падарам аз ҷанг рост ба деҳа омаданду бобоямро фиристоданд, ки аз шаҳр моро кўчонда баранд. Модарам аввал ҳайрон шуданд, ки дадаам чаро рост ба назди мо наомада, ба деҳа рафтаанд.
— Аз баъзе шиносони инҷоияш дилмонда барин,— гуфтанд бобоям.
Ман ба маънии ин хел гапҳои он кас дуруст сарфаҳм намеравам.
Ана, ба ҳамин тариқ, ҳоло ману бобоям ба деҳа равонем.
Дашти ҳамвору якранг ва бе долу дарахт ақиб монд. Мо ба домани кўҳҳо расидем ва якбора ба дараи кўҳ, ки шав-шуви оби сойчае хамўшии онро халалдор мекард, даромадем. Дар ду тарафи роҳ кўҳҳои баланд ва шаху зовҳо соя андохта буданд.
Паррандагони бешумори ин ҷо, ки чириқ-чириқ, чув-чув садо мебароварданд, аз чӣ сабаб бошад, ба ман бегона намуданд.
Гунҷишкакони сабзу нилобӣ, сурху зард дучор мешуданд, ки ман номашонро намедонистам. Онҳо чўҷаи парида наметавонистагӣ барин аз як шох ба шохи дигар ҷаҳида, маро фирефтан мехостанд.

пешина
аз 119
навбатӣ