МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Мусаввадаи китоби ашъори тозаи ўро барои ба нақша гирифтан дар нашриёт ман хондам.
Шоире расидааст, ки бе муболиға, бо Симину Фурўғ паҳлў мезанад.
Ба қавли шоира бовар накардан натвон:
Ватан, рўзи фирўзи ту мерасад,
Ватанхоҳи дилсўзи ту мерасад,
Ватан, офтоби ту мебишукуфад,
Ватан, боз наврўзи ту мерасад.
Ба гумонам, шеъри Фарзонаро аз ҳамдиёронаш касе ситоиш накардааст. Шеъри ў ҳамон мушкест, ки худ мебўяду ба фарёди аттор эҳтиёҷ надорад.
Чаро дар ҳунар ва хоксорӣ аз ў ибрате намегиред, дўстони ҷавон!” Баҳром Фирўз, аз сўи дигар, устодони худро фаромўш намекард ва ҳамеша дар бораи ҳар кадоме аз онҳо бо самимияту эҳтироми хоссае сухан мегуфт, аз некиву сабақашон, ёриву дастгириашон ёдовар мешуд.
Устодони шодравонаш Мирзо Турсунзодаю Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзодаву Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзиву Фазлиддин Муҳаммадиев, дўсти соҳибҳунараш Ҷумъаи Одинаро дар ҳар давраю маҳфил ба хотир меовард.
Дар хусуси адибони забардаст Сотим Улуғзода, Абдумалик Баҳорӣ, адабиётшиноси маъруф академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дўстони ҳамқаламаш бо меҳри беандоза сухан мегуфт.
Ростӣ, ба қадри дигарон расидану некии дигаронро пос доштан ҳам ҳунар аст, ҳунари волову ҳавасангез.
Баҳром Фирўз бо дили пур аз орзуву умед, бо мақсадҳои аҷибу наҷиб умр ба сар мебурд, вале марги нобаҳангом нагузошт, ки он орзую умед ва мақсадҳояшро амалӣ созад...
Боиси тасаллӣ ва шодмонист, ки аз шоири ширинхаёлу адиби нуктапардоз ёд монда, шеър монда, ҳикояту қисса монда, андешаву мулоҳиза монда. Дар тирамоҳи умраш барои ҳамдиёрону ҳамзамонон ва ояндагон номи нек монда:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё