Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз афти кор, паррандагон ҳам ба мисли мо — бачаҳо баҳорро бесаброна интизорӣ мекашанд. Баҳор наомада, онҳо парида меоянду хомўшии зимистон мераванд. Умуман, агар ба хониши паррандагон бодиққат гўш кунед, мефаҳмед, ки онҳо ба сари худ, беҳуда чаҳ-чаҳ намезананд. Ана, гўш кунед, яке бо дигаре ҳамовозӣ мекунад, дар ҷавоби фарёди яке дигаре садо медиҳад. Ҳо, ана, дар он ҷо ҷамъ шуда, бо ҳам баҳсу хархаша мекунанд. Баъзан, аввал ду тан ором нишаста, сўҳбат мекунанду баъд ба манша мегузаранд.
Гоҳо дар осмон калхоте пайдо шуда, ором чарх мезанад.
Ба синфи пурғулғула гўё муаллим даромада бошад, паррандагони атроф якбора хомўш мешаванд.
Ҳоло ману бобоям ба деҳа меравем. Вақти ба шаҳр кўчиданамон ман хурд будам, ба мактаб намерафтам. Дар деҳа хешу таборамон бисёр, аммо ман аз ҳама зиёдтар ҳамсояамон
— амаки Хушвақтро ёд дорам. Марди миёнақади ситорагарм, бурутдор буданд. Амаки Хушвақт ба мо хеши наздик набошанд ҳам, ба қавли модарам, бо дадаам ҷўраи наздик будаанд. Он кас баъди кор аксар вақт бо ман андармон мешуданд. Ман гаҳвораи духтарчаашонро меҷунбонидам ва дар ивазаш аз он кас конфетҳои коғазпеч мукофот мегирифтам, ки онро дар деҳа «гижбил» мегуфтанд. Амаки Хушвақт боре аз сой ба ман гулмоҳӣ дошта доданд. Ёд дорам, рўзе бодбаракпарронии бачагони калонро дида, «бодбарак сохта медиҳӣ» гўён, модарамро хеле зиқ кардам. Амаки Хушвақт ба ман бодбарак сохта доданд. Он солҳо мудири дўкон буданд. Мегўянд, ки ҳоло он кас одами калон шудагӣ... Дар ҷои дигар хона сохта, аз ҳамсоягии мо рафтагӣ.
Роҳ печутоб хўрда, торафт ба дарунтари дара медаромаду деворҳои он ба сўи мо ҷафстар мешуд. Ба боло нигоҳ кунам, ба назар чунон менамуд, ки гўё қуллаҳо чун сутунҳо ба китфи худ осмонро дошта истодаанд. Диламро ваҳм зер мекард. Кошкӣ, зудтар аз бағали хилвати ин кўҳҳо баромада, ба ягон деҳа ё ақаллан ба манзили чўпонон мерасидем. Ман бо халачўб ба гардани хар зада, онро аз роҳ боздоштанӣ шудам, то ки аз бобоям, ки бо хари сустпои худ хеле ақиб монданд, дур наравам.

пешина
аз 119
навбатӣ