Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сонитар Абдурашид зимнан ба воситаи шиносҳояш аз ҳамсояву ҳамкорони ҷавонзан гап гирифта, ўро ба худ сазовор дониста буд.
Ҳоло вай бо ҳамсараш хушбахт буд. Кулли ташвиши Муродро ў ба зимма гирифт. Дарсу супоришоти хонагии ўро месанҷид, падару писар шиму курта дарзмол мекарданд, ҳар шаб пойпўшашонро чўтка зада, ранг мемолиданд. Рўзҳои шанбе аксар ҳангом ҳар ду, баъзан се тан барои харидкунӣ ба бозору магазинҳо мерафтанд. Чун гузарашон ба магазини бозори «Баракат» меафтод, Абдурашид ба сўи Барфӣ асроромез менигаристу мегуфт: «Ба ин магазин ҳурматам зиёд аст».
Абдурашид дар як гўшаи ҳавлӣ соботе сохта буд ва дар он ҷо ду-се сар барраро парвариш мекард. Вай баъди кор аксар ҳангом ба парвариши гўсфандон машғул буд ва ба ин кор Муродро ҳам ҷалб мекард. Боре Мурод гуфт, ки ба ҷои ин гўсфандони гаранг агар харгўш мепарвариданд, вай дилтанг намешуд. Абдурашид як кунҷи соботро симтўр кашиду баъди се-чор рўз ду сар харгўши хокистарранг овард. Шодмонии Муродро ҳадду қиёс набуд. Хушнудии ўро дида, Абдурашид завқ мекард.
Барфӣ ҳамдастию ҳамоҳангӣ ва ҷунбуҷўли онҳоро дида, дар дил аз толеаш садҳо бор шукргузорӣ дошт, мамнун ва масъуд меболид. Ў ҳамвора аз Мурод талаб дошт, ки Абдурашидро «додо» гўяд, вале писар ба ин амри ў сар намефуровард.
Мурод тадриҷан ба Абдурашид унс мегирифт, гоҳо падари ўгай будани ўро сирф фаромўш мекард, агар вай ду-се рўз ба ягон тараф равад, дилтанг буд. Вале аҳён-аҳён дар банди андеша ғўтавар мегашту дар тасаввур овардан мехост, ки инчунин марди меҳрубону ҳалим чӣ гуна ўро уқубат медода бошад, чӣ тавр ба сағирхона хоҳад ронд. Дар инчунин ҳангом ў маҳзун мегашт, ба атрофиён ошкоро бегонахўӣ менамуд, инҷиқию дуруштӣ мекарду ба кўча, ба назди ҷўраҳояш мерафт.
Боре, дар сари инчунин вазъи нохуши вай, ки бо бибикалон гапгурезонӣ карда оташин буд, Абдурашид барояш ботинкае харида оварду Мурод дилгирона ба он нигариста «даркор не» гуфт. Абдурашид гўё тағйири авзои ўро пай набурда бошад, табассум карду гуфт: «Муродҷон, ин ботинка ҳозир мўд аст, хориҷӣ, як бор пўшида бин, агар хуш наояд, сонӣ ба ҷиянам Сосон мебарам».

пешина
аз 119
навбатӣ