Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Абдурашид харбузаҳои ба тўрхалта андохтаашро таҳи девор монда, ба ин ҳама валвала лоқайд менигарист. Чор-панҷ кас пештар аз ў ҷавонзане пиразанеро хоҳиш мекард:
— То навбатам расидан ман зуд рафта тухм гирам, шумо маро фаромўш накунед. Ҳў, ана, ба он сумкаҳои ман ҳам нигаред, илтимос.
Сонитар адади бенавбатҳо зиёд шуд магар, навбатдорон шўр бардоштанду тела-тела шадидтар гашт. Абдурашид як кило гўшташро гирифта қафо гашту ба он ҷавонзани тухмгирӣ рафтагӣ рў ба рў шуд, ки навбаташ гузашта ва ҳоло навбатдорони қафо ба вай мункир буданд. Абдурашид ба миён даромаду бо изтироб ба одамон фаҳмондан хост, ки ў ёд дорад, ин ҷавонзан тухмгирӣ рафта буд, аммо ҳеҷ кас шаҳодати ўро инобат намекард. Ҷавонзан сурху сафед гашта, худро ба сўи пештахта мезад, мардум ўро фишурда дур мекарданд.
Абдурашид дар ғазаб ба он мардум ду-се сухани сахту ҷонкоҳ гуфту аз остини ҷавонзан кашид.
— Бед, ба ман гўшт даркор не, ҳамин гўшти маро гиред. Бо инҳо баробар нашавед.
Ҷавонзан сараввал аз гўшт даст кашид, баъди исрори ҷиддии Абдурашид гирифту пулашро дод. Абдурашид сумка ва тўрхалтаи пурбори ўро дида, лаҳзае дудила биистод — кўмак кунад ё не? Агар шавҳараш бошад, мабодо боиси ғавғо шавад.
Сонӣ ба дил гуфт, ки агар шавҳараш мебуд, хариди бозорро ба ҷавонзан бор намекард.
— Боратонро диҳед, то истгоҳ барам, —Абдурашид ба ҷавонзан наздик рафту аз дасти вай сумкаи вазнинро гирифтан хост.
Ҷавонзан неву нестон кард, вале Абдурашид бепарво аз дасташ борашро гирифт.
— Агар шавҳаратон фаҳмад, дилашро бад накунад...
Лекин хариди бозор, асосан кори мардон аст.
— Хайр, ба зани бешавҳар айб набудагист, —сурх шуд Барфӣ ва ба сар то пои Абдурашид чашм давонд.
Онҳо то истгоҳ ҳамгап рафтанду аз хусуси якдигар ҳар чӣ зарур буд, фаҳмиданд.

пешина
аз 119
навбатӣ