Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Модар аз гарданшахии Мурод хашм гирифту ўро як тарсакӣ зад. Мурод қаҳр карду роҳи хонаи бибиашро пеш гирифт, Абдурашид то ними раҳ аз пасаш рафта, ўро баргашта овард.
Аммо бори дигар, вақте ки ў бо велосипедаш ба роҳи мошингард баромаду сабабгори ба ҳам бархўрдани ду мошин гашт, дар воқеъ, худашро руст карданӣ ҷой наёфт. Пиразан ва Саломат чунон шўр бардошта, дашному нафрин карданд, ки Мурод дигар дар ҳавлӣ мондан натавонист.
Ҳамон бегоҳӣ додои ўгай ва очааш аз кор омада, ҳодисаро шунидаанду дар як сумка наботу мавиз гирифта ба хонаи бибӣ омаданд. Очааш чунон коҳиш кард, ягам валвала бардошт, ки агар додои ўгай намедошт, вай аз ин ҷо ҳам мегурехт. Хайрият, ки додои ўгай ғазаби очаашро паст кард. «Ҳеҷ гап не, минбаъд ҳушёр мешавад, ҷанг накун. Ду гўсфандро фурўхта, товони мошинҳоро медиҳем. Гўсфандонро худаш парварда калону фарбеҳ кард. Барқасд накардаст-ку!» — гуфт. Баъд ба ҳавлӣ омада, ба ҳамаи ҳавлигиён таъкид карда гуфт, ки ягон кас дигар аз ин хусус даҳон накушояд.
Умуман, бо велосипед кори Мурод ҳеҷ барор накард.
Баъди се моҳи ин ҳодиса боре вай велосипедсавор аз паи нон овардан ба магазин рафту то вай нон гирифта берун баромадан велосипедро дузд бурд. Занҳо оҳу воҳ карданд, аммо додои ўгай ин бор «садқаи сар, ғам нахўр» гуфт.
Баъд вай барои ў шасти моҳигирӣ харида оварду рўзи истироҳат ҳар ду ба дарё рафтанд. Маълум шуд, ки додои ўгай ҳаргиз дар умраш моҳигирӣ накарда будаст. Мурод ба вай чӣ гуна кирмро ба чангак гузаронда, ба об андохтани шастро нишон дод. Мурод як рўзи дароз давутоз карду ҳамагӣ чор дона ширмоҳӣ гирифт. Додои ўгай бо завқ моҳигирии ўро тамошо кард, сонӣ аз соҳилҳои дарё барои гўсфандон як линга алаф гирифт.

пешина
аз 119
навбатӣ