Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Охирҳои моҳи май Мурод се ҳафта паёпай интизори рўзи истироҳат буд. Абдурашид ба вай ваъда кард, ки ба кўҳсор, чукричинӣ мебарад. Ду бор истироҳат омад, вале рафта натавонистанд — меҳмон омад, ким-чӣ хел кори зарур баромад. Ҷўраҳояш ба вай мегуфтанд, ки онҳо агар ҳамин ҳафта ҳам нараванд, дер мешавад, сонӣ чукрӣ фақат дар кўҳсори баланду дур мемонад. Мурод бе тоқатона интизорӣ мекашид, рўзу шабҳоро мешумурду нигарони рўзи истироҳат буд. Дар сари дастархони шом ҳамеша мавзўи гуфтугўи Муроду Абдурашид аз сафари кўҳсор дур намерафт. Онҳо ба куҷо рафтан, субҳидам, соати чанд ба роҳ баромадан, чӣ тўша гирифтан — ҳамаашро кайҳо гуфтаву шунида буданд, ҳатто Мурод борхалтаи сафариро кайҳо ба мехи даҳлез овехта монда буд. Гуфтугузори онҳо аз ин боб Барфиро ба ҳадде дилгир карда буд, ки аз хусуси сафар даҳон кушоянд, илтиҷоомез мегуфт: «Аз барои савоб, ягон сухани дигар гўед».
Аммо ба Мурод ин баҳор чукричинӣ насиб нагашт. Рўзи шанбе Абдурашидро аз корхонааш ба алафдаравӣ фиристоданду вай якуним моҳи расо аз хонадон дур гашт.
Бе Абдурашид Мурод дилтанг буд, сарҳисоби кору борашро намеёфт. Ҳатто як раҳ очаашро зиқ карду ду тарсакӣ хўрд, сонӣ қаҳр карда ба хонаи бибиаш рафт. Воқеа ин тавр рўй дод: Абдурашид барои Мурод шими ҷинс харида буд. Почаи шим ба вай дароз омад, Абдурашид онро бурида, барои Мурод мувофиқ карду гуфт, ки аз изофааш барояш кулоҳ медўзад.
Аммо зуд фурсат наёфт, баъд ба алафдаравӣ рафт. Мурод аз очааш талаб кард, ки аз он матоъ ба ў кулоҳ дўзад. Модар гуфт, ки ин корро наметавонад. Аммо Мурод сабр кардан наметавонист, чӣ кор кунад, ҳамсинфонаш кулоҳи ҷинсӣ пўшидаанд. Ана, барои ҳамин очааш дилтанг шуд.
Бибӣ сабаби қаҳр карда омадани ўро шуниду боз ба насиҳатгўӣ сар кард. Ин қадар ин одамон насиҳатгўиро нағз мебинанд! Гапу гапу гап, ҳеҷ дилгир намешаванд. Бачаҳои боғчаравак медонистагӣ гапҳоро сад бор гаштаю баргашта мегўянду мегўянд, дили кас ба кафидан наздик мерасад.
— Айб аст, Муродҷон, агар бо очаат номуросоӣ карданатро додои ўгай фаҳмад ё ана, ун хоҳарашу модараш шунаванд, очаатро таънасор мекунанд, писарат ганда, ана ҳатто худат катӣ муросо накард мегўянд.

пешина
аз 119
навбатӣ