МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Очаат, шўрпешонӣ, забонкўтоҳ мешавад...
Бибӣ бо ҳамин суханон рўзи дигар Муродро ба назди модараш гусел кард. Ин бор «додои ўгай — додои ўгай»
гуфтани бибӣ, аз чӣ бошад, ки ба вай нохуш асар дошт, дар ҷавоби бибӣ ягон сухан гуфтан хост, вале намедонист, ки чӣ гўяд, то ки ҳам бибӣ наранҷаду ҳам ин суханашро дигар нагўяд.
Мурод ба ҳавлӣ баргашт, вале ҳавлӣ бе Абдурашид ғамангез ва дилгир асар дошт. Дарун даромад, берун баромад, аммо дилтангиаш бартараф нашуд. Сонӣ нишаста фикр кард – фикр карду аз ҳавлӣ берун шуд.
Мурод ба касе ҳарфе назада ба истгоҳ баромад ва ба автобус савор гашту ба автовокзали шаҳр рафт. Ба автовокзал қабл аз ин корафтода набошад ҳам, медонист, ки он дар қарибии кўл аст, фақат як ё ду истгоҳ сонитар.
Мурод ба умед ба ҳамаи дарчаҳои билетфурўшӣ якояк сар халонд, аммо ба вай билет надоданд, то ба автобуси Ёвон савор шавад. Ҳатто як занаки бадҷахл ўро ба милиса супурдан хост, аммо Мурод аз толор берун рафту миёни мусофирони бисёр панаҳ шуд. Ин лаҳза радиои автовокзал эълон дод, ки автобуси Ёвон омад. Мурод ба сўи он автобус давид. Ба автобус наздик расиду ногоҳ чашмаш ба Абдурашид афтод, ки борхалтаи сафарӣ дар пушт аз автобус фуромада, ба сўи истгоҳ мерафт.
— Додо... Додоҷон!.. Додоҷонам! — Мурод ғайриихтиёр фарёд заду аз паси вай тохт.
Фурсати як бор миҷа задан нагузашта, Мурод аз қафо ба вай расиду миёни ўро сахт дошта, чашму рўи ашкбори худро ба пиҷаки вай молидан гирифт.
— И-и!.. Ҳой, ту кӣ?.. Э, додота гум кардӣ, бача?
Марди монанди Абдурашид навчаи малларанг лаҳзае аз ин ҳол ҳангаш аз сар париду хам шуд, то рўи Муродро равшантар бубинад, сонӣ бо як даст сару китфи ўро молида, навозиш кардан хост, аммо Мурод саҳви худро фаҳмиду якбора аз ў ҷудо шуд ва ба қафояш нанигариста гурехт. Ў дар фурсати як миҷа задан дар миёни мусофирон ғоиб гашт.
с. 1983 ЧӢ СОН АЪЛОХОН ГАШТАМ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё