МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Шуморо падаратон ҳаргиз таъзир накардаст? Ҳеҷ гоҳ?..
Дафтаратонро дарронда, лахта-лахта карда, ба саратон нағуррондаст ё китоб катӣ ба пешониатон нихта ҳам накардаст?.. Нохунашро ҳам нарасондаст? Ҳеҷ боварам намеояд. Метарсам, ки дурўғ мегўед. Ба ҳар ҳол, ман ин хел даъвоҳои баъзе ҷўраҳоямро шунида, ҳайрон мешавам. Падар агар фарзандро таъзир накунад, писар агар аз волидайн натарсад, андаке наҳаросад, э-э, чӣ корҳое намекунад!.. Гап дар сари шўхию бемаънигӣ не, доири баҳои ду ва ё дарсгурезӣ ҳам не. Сабаби аслии ноҷўрию номувофиқӣ, ба фикри ман, ин аст, ки баъзан падару модар кореро, ки мо — бачаҳо ба он ҳеҷ рағбат надорем, маҷбур мекунанд, ки иҷро намоем. Медонам, кори ҷиддӣ на ҳамеша шавқовар аст, баъзан худро маҷбур кардан ҳам зарур. Аммо бемақсад маҷбур карданҳо фоида надорад.
Аз ваҷҳи ҳамин гуна маҷбурӣ чандин бор бо падару модар гапам гурехт. Албатта, муддате аз миён нагузашта аз кору гуфтаҳои худ пушаймон мегаштам. Очаам мегўяд, ки ман беақлам, якравам, гарданшахам. Э-ҳэ, чӣ сифатҳое ба ман ў намебандад! Хоҳу нохоҳ одам дар бачагӣ аз рўи фаҳмишу биниши худ зистан мехостаст, лекин падару модар талаб мекунанд, ба тарзе ки онҳо мехоҳанд амал кунем. Онҳо аз хато кардану пешпо хўрдани мо чунон метарсанд, чунон меҳаросанд... Ҳол он ки хато кардан ҳам баъзан даркор будаст.
Агар ман сари вақт хато намекардам, намедонам имрўз ҳолам чӣ гуна буд.
Биёед, ҳамаашро аз оғоз то ба анҷом гўям, бе дурўғ, бе сохтагию бофтагиҳо, ба гуноҳу савобам холисона чӣ хел андешаҳо доштаму чӣ гуна амал мекардам — ҳамаро якояк ҳикоят кунам. Ҳозир телевизору рўзномаҳо ошкорбаёнӣ гўён валвала доранд-ку, ман ҳам як бор ба рўи ҳама дарди диламро бигўям, чӣ шудаст?
Ҳамон сол моҳи май, чунон ки бибиам мегўянд, моҳи ҷавзои саховат расид. Ман ба азобе синфи ҳаштумро тамом мекардам. Субҳи барвақт ба мактаб давидан ончунон дилгирам карда буд, ки ҳеҷ напурсед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё