Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бовар мекунед, дар соати ҳаштуними субҳ мо ба дарсхонӣ шурўъ менамоем! Аммо дар соати расо ҳашт дар таҳи дари мактаб бояд ки ҳозир бошем.
Ҳар як муаллим талабагони синфи худро саф ороста ба директор ё мудир намоиш медиҳад. Баъд гуноҳу савоби рўзи гузаштаро як-як гуфта, гунаҳкоронро сурху сафед мекунанд.
Сипас ба мо аз вазъи сиёсати дохилию берунӣ муаллими навбатдор ваъз мегўяд, аҳволи тоқатфарсои бачагонро дар мамлакатҳои капиталистӣ боз як бор хотирнишин карда мегўяд ва гаштаю баргашта таъкид мекунад, ки мо бепул, муфт дар ин гуна мактаби хушиморат ва мўҳташам мехонем, хушбахтем, хушҳолем, озод нафас мегирем ва ғайра ва ҳоказо. Гўр ба сари ҳамааш, аммо дар бобати нафасгирӣ ман ба гапи ҳеҷ якеи онҳо бовар намекунам. Мо дар як синфхона чилу ду нафарем. Баъзан ҳавои хона чунон бадбўй мешавад, ки дилам буғз мекунад, аммо муаллимон аз тарси зуком ё дигар ягон дардашон рухсат намедиҳанд, то даричаи тирезаро кушоем. Аслан, синфхонаҳоро дар фасли зимистон чандон гарм намекунанд.
Ҳангоми танаффус агар навбатдори синф дақиқае чанд табақаҳои тирезаҳоро во кунад ҳам, аз даву ғеҷу тапар-тапар пойкўбиҳо синфхона чунон мешавад, ки гўё аз кўчаи пурхок мошин гузашта бошад. Охир, қариб аксари писарбачаҳои мо нос мекашанд, ҳа, бемалол дар вақти дарсгўии муаллимон ба зери забон носи сабилро партофта, кайф менамоянду баъд як варақ коғазро печонда ба он туф мекунанд ва оҳиста ба фарш мепартоянд. Ана, аз ҳамон носҳои хушкида чангу ғубори синфи мо кабудчатоб аст.
Хулосаи калом, ман дар соати ҳаштуними бомдод аз хона мебарояму раҳи мактабро пеш мегирам. Шабҳо телевизор ҳам қасд кардагӣ барин киноро дар охири барнома нишон медиҳад.
Аз ин сабаб дер ба бистари хоб медарояму саҳар ба азобе аз хоб сар мебардорам ва аксар вақт барои чойхўрӣ ва наҳорӣ шикастан на фурсат мешаваду на майлу рағбат. Ба ман ҳаминаш алам мекунад, ки саҳаргоҳон, ҳанўз калонсолон — ҳама хобанду ман маҷбурам ба сўи мактаб тозам. Аз назди иморатҳои бисёрошёна мегузараму ба тирезаҳо менигарам, — дар аксари хонаҳо ҳанўз чароғ нест — хобанд. Падару модари ман ҳам дар хоби мастанд. Калонсолон аксар ба кор соати нўҳ, баъзеашон нўҳуним мераванд.

пешина
аз 119
навбатӣ