МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ҳайронам, мо — бачаҳо чӣ гуноҳ карда бошем, ки «кори» мо қариб ду соат барвақттар аз калонсолон сар мешавад?! Боз азоби дар ин гуна синфи ҳавояш нохуш шаш-ҳафт соат нишаста дарс хонданро намегўед!..
Хусусан, наҷунбида дар як ҷо нишастан барои ман азоб аст.
Рости гап ин ки ман розӣ будам ба мактаб нараваму дар ивази он дар ягон корхона ҳафт-ҳашт соат баробари калонсолон кор кунам!.. Ба суханам бовар кунед, ҷиддӣ мегўям — ҳашт соат кор мекунам!..
Ана, аз ҳамин хусус падару модар катӣ гапамон напухт.
Худатон холисона фикр кунед: ман хондан намехоҳам, олим шудан ҳам намехоҳам, духтур будан ҳам, аммо маҷбур мекунанд, ки бихонам!.. Боз худи ҳамин калонсолон мегўянд, ки зўроварию маҷбурӣ аз рўи қоидаи педагогика дуруст не, тааддӣ ба ҳар навъе бошад, ки бемаданиятии инсон аст, пўлашўла... Кай қавлу амали одамон якранг мегардад, кай?
Падарам доим мегўянд, ки ҳолӣ умрат бино шуда, як рўз ҳам кор накардаӣ, намедонӣ, кор гўянд, ту шанбегӣ гумон мекунӣ, ҳу, барои сару либоси варзишгариатро намоиш додан меравӣ-ку!.. Ана, дар ҷавоби ин хел суханҳо чӣ мегўед?! Ман акнун кўдак нестам, ки ҳар чӣ гўянд, хуб гўям. Ҳамин хел гапҳо ба дилам зад, боварам намонд. Ин чӣ гап, падару модар ҳам, муаллимон ҳам мехоҳанд, ки ман кўдаки даҳсола барин доим, ба ҳар фармонашон хуб гўям, итоаткор бошам. Агар мард бошанд, ку, ягонтаашон гўянд, ки бирав, ту як ҳафта дар ҷои ман кор кун, ман дар ҷои ту нишаста дарс мехонам!..
Намехоҳанд! Наметавонанд! Масалан, ман дар ҷои падарам ҳам кор карда метавонам, дар ҷои модарам ҳам. Ин гапи маро бодигӣ нашуморед, қасам мехўрам, ки метавонам. Падари ман раҳбари як идораи начандон калон аст. Ман чандин бор ба идораашон рафта, дар кабинеташон соат-соат нишаста, тарзи коргузориашонро омўхтам, нағз медонам: агар аз идораҳои боло телефон шавад, фармоиши онҳоро аз курсӣ бархоста, бо нимтаъзим «хуб, хуб шудаст» гўён навишта мегиранду баъд муовини ба ҳамон амр дахлдорашонро даъват карда, иҷрои онро супориш мекунанд. Таъкид менамоянд, ки хабари иҷрои онро бозрасонанд... Агар аз тобеон ягон кас дарояд, арзашро гўш мекунанду баъд ба ягон муовин ё мудири шўъбаи дахлдор занг зада, аввал доир ба он масъала фикри ўро мепурсанд ва ё супориш мекунанд, ки «дида бароянд» ва он додхоҳро ба назди он шахс мефиристанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё