Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Магар ҳамин кори мушкил аст?!
Мушкилаш, ба фикрам, вазифа гирифтану соҳиби ягон идора гаштан, он тарафаш — осон, худ аз худ кор иҷро мешавад.
Кори модарам дар назарам аз ин ҳам осонтар менамояд. Вай дар матбаа мусаҳҳеҳ аст. Ду кас дар сари як миз рў ба рў нишаста, яке дастнависи китоберо менигараду дигаре мусаввадаи чопи онро мехонад. Чор-панҷ саҳифа мехонанду ним соат аз ину аз он сўҳбат мекунанд. Баъд шарикаш аз паи ягон муҳими худ — магазин, бозор, ателеи либосдўзӣ ва ғайра мераваду модарам он саҳифаҳои чопиро тез-тез худаш мехонад ё аз боло ба поён нигариста мегузараду баъзе ғалатҳои ба чашмаш афтодаро ислоҳ мекунад ва «садқаи сарам, муҳаррири нашриёт мехонад-ку!» гўён дар поварақи он имзо мекунад. Ана, аз ҳамин сабаб, ҳар бор бачаҳо аз китоби дарсӣ ғалате ёбанд, аз ҷониби модар ман ғайриихтиёр сурх мешавам.
Хулоса, ман аминам, ки кори ҳар кадоми онҳоро иҷро карда метавонам, аммо дар гумон аст, ки онҳо масъалаҳои алгебраю геометрияро ҳал намоянд ё шаш соат дар синф гўшашонро наҷунбонида нишаста, ба сухани муаллим ба диққати тамом гўш диҳанд.
Умуман, калонсолон ҳаққу ҳуқуқҳои мо – бачагонро поймол мекунанд. Барои чӣ онҳо ду рўз истироҳат мекунанду мо фақат як рўз?! Ҳамаашон хуб медонанд, мегўянд, иқроранд, ки дарсҳо рўз аз рўз мўлтар, мавзўъҳо мушкилтар мешаванд, хонандагони синфҳои болоӣ баъзан ҳафт соат дарс мехонанд, бар замми ин, корҳои пионерӣ, комсомолӣ, маҳфилҳо... Кошкӣ, ҳамаи ин фанҳо ба кас даркор бошад! Аз байни чилу ду нафар хонандагони синфи мо даҳ-дувоздаҳ нафар дар мактаби олӣ хонданро давом доданианд, ба онҳо як қисми ин илмҳо даркорӣ барин, аммо ба аксарият дар сад сол ҳам лозим не!
Хайр, гуфта намешавад, агар замоне даркор шавад ҳам, то он вақт дар хотир аз ин алгебраю геометрия ному нишон намемонад. Ана, ман дар синфҳои панҷу шаш ботаникаро нағз медонистам, доим баҳои панҷ мегирифтам, аммо кайҳо ҳамаашро фаромўш кардам. Чизе, ки даркор нест, зуд аз ёд мерафтаст...

пешина
аз 119
навбатӣ