МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ман рўирост ба падарам гуфтам, ки маро беҳуда дарди сар медиҳанд, ман акнун хурд нестам, мустақил фикр карда, хулоса бароварда метавонам. Рост-дия, ҳар рўз шаш соат дарс магар осон аст?! Аз яктояш гурезеду рўзатонро бинед! Дарҳол дар рўзномаам қайд мекунанд, дар маҷлис мегўянд, агар ду-се бор такрор кунам, падару модарро ба мактаб даъват мекунанд... Ба ростӣ, ҳайронам, чӣ хел ба инҳо фаҳмонам, ки дигар беҳуда дар мактаб нишастан наметавонам, ман кор кардан мехоҳам, коре, ки аз он ҳам ба худам, ҳам ба ҷамъият фоидае бошад.
Ҳар рўз шаш соат нишастан ба ҷисми ҷавон зарар оварданашро менависанд, медонанд, аммо боз маро маломат мекунанд, ки бисёр чизҳоро намефаҳмам, аз ҳамин сабаб ба қадри мактаб намерасам. Дар кадом як маҷаллае хондам, олимони Америка барои таҷриба якчанд нафар варзишгарони номварро се-чоррўзӣ дар катҳо баста, беҳаракат нигоҳ доштаанд. Пеш аз ҳама дили онҳо нуқс пайдо кардаст, ҳатто якчанд нафар дар аввал роҳ гаштан натавонистаанд. Ман бовар дорам, ки вазир ҳам, олим ҳам як ҳафта дар ҷои ман нишаста, дарс хонда наметавонад. Боз ислоҳоти мактаб зарур аст гўён чандин сол боз мегўянду мегўянд, менависанд, аммо дараки беҳтарӣ нест. Не-е, ин калонсолон катӣ ислоҳот намешавад. Ба инҳо маҷлис бошад, валвала бошад, гап зананд, бас. Бибии пирам дуруст мегўянд: «Коми инҳоро ба ҷои асал гап катӣ бардоштагӣ...»
Хулосаи калом, мактаб ба дили ман задаст, агар аз ҳамин мактаб халосӣ ёбам, дигар як умр аз наздикаш намегузарам, ба тарафаш наменигарам!..
Дар чоряки охирин якбора аз чор фан баҳои ду гирифтанам маълум шуд. Падару модар маро дар шиканҷа гирифтанд, ки чаро дигарон ақаллан баҳои се мегиранду ман фақат ду. Гуфтам, ки сабр кунед, ба ман ҳам ҳамон серо монда медиҳанд. «Барои чӣ Камол чор мегирад, ҳатто Марҷони карахт се мегираду ту ду?» гўён ба истинтоқ гирифтанашон тоқатамро тоқ мекунад. Охир, Камол ман барин сурат гирифта наметавонад-ку! Ҳар кас ба ягон коре шавқ дорад. Ба ғайр аз ин, аз чилу ду нафар хонандаи синфамон шаш нафар физикаю химияро мехонанду медонанд — онҳо ба донишгоҳи тиббӣ дохил шуданианд. Чор — панҷ нафари дигар физика ва математикаю геометрияро медонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё