Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Онҳо ба инҷинерӣ мераванд, се-чор нафар забону адабиётро медонанд — онҳо ба факултети филологӣ мерафтагиҳо, ду нафар ба забони хориҷӣ зўр. Боқӣ мондагиҳо — ҳама ман барин: хондан намехоҳанду чору ночор ба мактаб рафтаву омада мегарданд. Фарқамон ҳамин қадар аст, ки онҳо лўлӣ барин хушомаду пешомад карда, аз муаллимон як баҳои сеяшонро мегиранду ман «нахондаам, намедонам» гўён росташро мегўяму хап мешинам ва маломат мешунавам.
Хайр, ҳеҷ боке не, дар охир қатори дигарон ба ман ҳам аз ҳамаи фанҳо се-се монда, аз синф ба синф мегузаронанд, дигар илоҷ надоранд. Борҳо аз забони худи муаллимон шунидаам, ки ба ман барин бадхонҳо мегуфтанд: «Агар аз синф ба синф нагузаронемат, фоизи пешрафти мактаб паст мешавад, фоида надорад, беҳтараш зудтар мактабро тамом куну бирав, ки аз ту халос шавем...»
...Ана, аз ҳамин сабаб ман аз падарам хоҳиш кардам, ки баъди тамом кардани синфи ҳаштум маро рухсат диҳанд, то дар ягон ҷо ба коре машғул бошам. Дар ҳамаи лавҳаю эълонномаҳо одамонро ба кор даъват мекунанд, радиову телевизион катӣ ташвиқ менамоянд. Аммо бовар намекунед...
дар як шаҳри калон кор ёфтани ҷавонаки понздаҳсола осон набудаст! Гап дигару кор дигар гуфтанашон бесабаб не, сад фоиз дуруст аст!
Баъди розигии падарро гирифтан, ман пеш аз ҳама ягонягон қариб ба ҳамаи суратгирхонаҳо даромада баромадам, зеро ҳунари суратгирӣ доштам, бо суратгиракҳои гуногун — аз «Смена» то «Зенит» сурат гирифта ва плёнкаро равшан карда чоп намудан аз дастам меомад. Баъди дарою барои бисёр донистам, ки ин кори «лояш» дуруст ба шумор мерафтаст ва агар «восита» надошта бошед, ба кор намегирифтаанд. Додои ман восита-посита катӣ хушашон не. Барои ба кор сар кардани наврасон ҳуҷҷату справкаи зиёде даркор будаст, ёрӣ надоданд, ба ҳамаи он идораҳо худам давидам.
Дар корхонаҳои ба коргар мўҳтоҷ ҳам аз ман рў тофтанашон шавқу ҳаваси маро ба кор тамоман кушт гўям, ғалат намекунам. Қариб дар ҳамаи корхонаю идораҳо як хел ҷавоб мешунидам: «Ба мо коргар даркор аст, аммо бачаҳою коргарони муваққатӣ лозим нестанд!..»

пешина
аз 119
навбатӣ