Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман бача будаам! То имрўз муаллимон «акнун ту бача не» гўянд, инҳо баръакс.
Хулосаи калом, башараи ин бюрократҳо чунон ба дилам зад, ки ҳеҷ монед! Ба кадом забон, чӣ хел ба онҳо фаҳмонам, ки аз бисёр коргарони коҳилу ҳаромкор, майзадаю чапдасти онҳо ман беҳтар кор карда метавонам. Агар росташро гўям, кори нағзу коргари нағз ба ҳеҷ якеи онон даркорӣ надоштагӣ барин.
Агар дар корхона сад дастгоҳ кор накунад ҳам, онҳо ҳамон муздашонро мегиранд, дусад дастгоҳ кор накунад ҳам! Сипас, чаро худро дарди сар дода, ман катӣ машғул шаванд?!
Рўзҳои аввал буд, як одами баинсоф ҳайронии маро дида, гуфт:
— Ҳайрон нашав, кор мўл, дар баъзе корхонаҳо ҳазорҳазор коргар намерасанд. Ту наврасӣ, ҳуқуқи зиёдтар дорӣ, инҳо яке аз одами ҳуқуқдор метарсанду... дигаре аз касе, ки бисёр медонад, меҳаросанд. Ҳолӣ кор кун, баъд ба маънии ин суханони ман сарфаҳм меравӣ.
Оқибат баъди саргардониҳои зиёде ман кофта-кофта ба идораи зарфғундорӣ рафтам. Дар ин ҷо ҳам ба ман эътиное накарда, ҳатто ба рўям нанигариста ҷавобамро доданду баъд яке аз идоранишинон ба дигаре хитобан гуфт:
— Амаки Ғулом дар азоб аст, ҳамин бача равад, дастёрӣ кунад-чӣ? Муздашро худаш як бало мекунад-дия...
Маро ба як дўкони зарфғундории қафои магазини «Газвор»
фиристоданд. Дар дўкон як марди дар назар шаст-шасту панҷсолаи зоҳиран аз шумурда гирифтани зарфҳои шишагӣ бениҳоят дилгир машғули кор буд. Вай саропои маро хуб назар карда озмудан хост ва махсусан, ба чашмонам дуру дароз зеҳн монда нигарист. Ман аз ин хел нигоҳи вай, ба ростӣ, лаҳзае бесаранҷом гаштам, гўё дар ягон ҷо маро дар сари ҷинояте дидагӣ барин. Аз эҳтиёт ягон хасу хошок часпида бошад ё ранг молидаам гўён чашмонамро бо кафи даст молидам.
— Ба ман дастёр даркор аст... — гуфт баъди се-чор дақиқа оҳиста сар ҷунбонда амаки Ғулом. Баъд боз ба чашмам озмоишкорона нигариста илова кард: — Дар кори мо фиреб роҳ намеравад... Агар заррае хиёнат кунӣ... — Ў чӣ ҷазо диданамро нагуфту пурсид: — Додою очаат ҳастанд? Чӣ кораанд?

пешина
аз 119
навбатӣ