МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Гашти харро суст кардаму чӣ гуна бо дадаам вохўрданамро пеши назар оварданӣ шудам: Калонсолон аз ҷанг омадагиҳоро оғўш гирифта, вохўрӣ мекунанд. Ман дадаамро андаке дар ёд дорам. Рўзи ба ҷанг рафтанашон маро бардошта, дар саҳни вокзал бо модарам гапзанон карда, хайру хуш карданашон дар ёдам мондааст. Баъд сураташонро фиристоданд. Ман одамро аз сураташ шинохта наметавонам.
Сурати дадаи Олимҷонро дар хонаашон чандин бор дида будам. Аммо як саҳарӣ, вақте ки ба мактаб мерафтам, он кас ҷомадон дар даст дар раҳ пеш омаданду нашинохтам. Агар мешинохтам, тозон ба холаи Назокат хушхабар мебурдаму шодиёна мегирифтам. Ҳар хонаводае, ки чашм ба роҳ аст, барои шодиёна ягон чизи рустӣ дорад... Дадаам ордену медали мўл гирифтагӣ. Ҳар бор дар хаташон ордени нав гирифтанашонро менавиштанд. Агар дар шаҳр мебудем, ман ҳам бо дадаам ба кўча мебаромадам, бачаҳо дида ҳайрон мешуданд.
— Бобо, дадаам ордени мўл доранд-а? — ба ақиб нигариста, аз бобоям, ки ба зўр ба хари ман расида омада буданд, пурсидам.
— Ҳа, рўзи омаданаш сари дилаш пури орден буд. Баъд, аз афташ гирифта монд.
— Ба куҷо гирифта монданд?
— Ба ягон ҷо руст кардагист-дия.
— Ордена руст намекунанд, ҳама овехта мегарданд-ку!
— Ҳӣ... Ҳар бор шишта хезад, шутури зангўладор барин ҷарангос занонда гардад?
Ман ба ришханди бобоям ҷавобе нагуфтам.
— Ордени Ленин ҳам доранд?
— Аз ҳар хелаш буд.
— «Ситораи тилло» надоранд?
— Доштагист. Муаллимони мактаб омада буданд, дадаата дар қишлоқ аз ҳама пурорден гуфтанд.
— Аздусар «Ситораи тилло» надоранд, қаҳрамон нашудаанд. Шумо намедонед. Аз гузари мо як одам қаҳрамон шуда, «Ситораи тилло» гирифта буд, ҳукумат ба вай ҳама чиза бепул дод. Хонаи нав дод, гов дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё