Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман гуфтам. Вай ҳайрон шуд. Баъд боз ба ду-се саволи бемаънӣ чавоб гирифту гуфт:
— Дар кори мо... умуман, дар кори савдо... ба чашми якдигар хок пошида намешавад, инро сахт ба гўшат ҳалқа кун!
Фаҳмидӣ?.. Ҳар чи қадар ҳунарат бошад, дигаронро... Ҳа...
Қоидаи мо ҳамин!..
«Ман фаҳмидам» гўён сар ҷунбонидам, аммо ба дил гуфтам: «Ҳунарат ба худат насиб кунад, пири беимон, ба ман қаллобиро омўхта наметавонӣ. Вай бачаи ту мегуфтагӣ нестам!
Ман барои аз дарсҳои мактаб халос шудан...»
— Ба корат нигариста ба ту худам ҳақ медиҳам... — Боз ба гап даромад амаки Ғулом. — Моҳонаи ман — ҳаштод сўм...
Хайр, ба ту...— Вай чашмонашро нимво карда, лаҳзае андешиду баъд гуфт: — Хў-ўш... ҳар рўз ду сўм медиҳам... Дар як моҳ қариб панҷоҳ сўм... Пули кам не... — Баъд боз таъкид кард: — Ба шарте ки ҳалол кор кунӣ!
— Майлаш, ман розӣ, — гуфтам ман зуд. Ҳар чӣ ҳам бошад, аз кор ёфтанам хурсанд будам. Як бор аз мағал халос шавам, сонӣ ягон кори мувофиқамро меёфтагистам, балки ин пиракӣ ба нафақа мераваду дўконашро ба ман медиҳанд, кӣ медонад. Дар сар ҳамин андешаҳо пурсидам: — Ман чӣ кор мекунам?.. Аз мардум зарфҳоро шумурда мегирам?
— Ҳар коре, ки фармоям, иҷро мекунӣ!.. Зарфҳоро бехато дида, санҷида, шумурда мегирӣ... Хў-ўш. Дар қуттиҳо хел ба хел ҷудо карда ҷо мекунӣ. Масалан, шишаи об катӣ шишаи арақро дар як қуттӣ монӣ, намешавад!.. Баъд, ана, мошин меояд, қуттиҳоро ба мошин бор мекунӣ... Зўрат чӣ хел? Чорта қуттиро бор карда, «уф-ф!» гўён шишта намемонӣ, охир?
Ана ба ҳамин тариқ ман моҳи аввали таътили тобистонӣ дар умрам бори аввал ба кор шурўъ намудам. Албатта, ҳар кас мехоҳад, ки аз кору музди аввалинаш таъсироти хуше хотира карда бошад. Аммо чунин таъсироти дилпазир ба ман насиб нагашт.
Аслан, «кор-кор» мегуфтаму аз сири кор тамом бехабар будаам. «Зарфғундорӣ» гўянд, гумон карда будам, ки ҳеҷ мушкилӣ надорад, зарфи овардаи одамонро шумурда мегираму пулашонро дода, дар қуттиҳо ҷо ба ҷо мегузорам. Чандин бор худам ҳам шишаҳои холиро ба дўкони гузарамон бурда, супорида будам.

пешина
аз 119
навбатӣ