Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рўзи аввали кор амаки Ғулом дар сари мизи кории худ, ки дар як канори пештахтаи дўкон буд, нишаста, баъди «хў-ўш»-и одатиаш аз ман пурсид:
— Ку, гап зан, шишаро чӣ хел мегиранд, медонӣ?
— Медонам, — гуфтам ман бепарво ба рўи мураббии нав нанигариста.
— Аввал лаби шишаро ба диққат дастат катӣ палмосида, нигар, ки напарида бошад... — Вай аз ин бобат ба ман хеле дастур дод.
Ва лаҳзае аз миён нагузашта, пиразане дар як тўрхалта шаш-ҳафт шишаи оби маъдан аз дар даромад. Ў шишаҳояшро ба рўи пештахта монду ман аз рўи дастури амаки Ғулом ягонягон санҷидам.
— Чандта? — пурсид амаки Ғулом.
— Ҳафта.
— Ҳамааш дуруст? Ку, бинам...
Вай аз ҷояш бархоста пеш омаду даҳони ҳар як шишаро ба ангушт молида, санҷид, пасу пеш гардонда нигаристу гуфт:
— Ана, нигар, лаби ин яктоаш андаке паридагӣ. Вай он шишаро гирифта канортар ниҳоду ман шаштои боқимондаашро гирифта ба қуттӣ ҷо кардам. Пиразан даҳони он шишаи ноқисро ба диққат нигаристу ҷои паридагии онро чашмони камнураш надиданд магар, даст афшонд ва баъд гирифта дар тўрхалтааш андохт ва пули шишаҳояшро аз дасти амаки Ғулом гирифту рафт.
— Барои бист тин боз гардонда мебарад... — амаки Ғулом аз кори пиразан норозинамо ғут-ғут кард.
Баъди рафтани пиразан лаҳзае аз миён гузашту ду нафар духтаракони дувоздаҳ-сездаҳсола шиша оварданд. Амаки Ғулом баъди шишаҳои онҳоро қабул карданам бархосту се шишаро чиркин ҳисобид ва дутоашро лабаш паридагӣ гўён ҷудо кард. Ба духтарҳо барои понздаҳ шиша пул дод, агарчи ман шонздаҳ шишаро гирифта ба қуттӣ ниҳодам. Духтарон шишаҳои чиркини худро гирифтанду ду шишаи лабпаридаро монданд.
— Бигир, ба қуттӣ мон, — амр кард амаки Ғулом баъди берун рафтани духтаракон.

пешина
аз 119
навбатӣ