Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Охир...
— Ҳеҷ гап не... Агар ҳамин хел кор накунӣ, аз куҷо ҳар рўз ба ту ду сўм меёбам?! Ҳаштод сўм ба хўрокам намерасад.
Нафақаам катӣ расад, хурсанд мешавам. Ман барзагов нестам, ки фақат барои сер кардани шикамам рўз то бегоҳ кор кунам...
Зиндагӣ осон не, писар...
Тамоми рўз ба ҳамин минвол кор карда, ҳамаи қуттиҳои холиро аз зарфҳои шишагӣ пур кардем. Тарафи бегоҳ мошини боркаш омаду ман қуттиҳои шишадорро бароварда ба дасти амаки Ғулом медодам, вай онҳоро дар кузови мошини боркаш ба тартиб мечид.
Бегоҳӣ, ба қавли очаам, бо азобе поямро кашола карда ба хона даромадам. Ҳатто хўроки шомро нахўрда, сахт хобам бурдаст.
Пагоҳирўзӣ очаам аз хоб бедор кард. Аз бистар бархестам, аммо тамоми устухонҳоям зириқ-зириқ дард мекард.
Ҳарчанд амаки Ғулом таскин медод, ки сари кор сар мекафонад, сонитар омўхта мешавӣ, кор осон мешавад, рўзи дуюм ҳам, рўзҳои баъд ҳам кор барои ман осон намегашт.
Мардум зарфҳои шишагиро халта-халта оварда месупориданд, баъзеҳо бордонҳои мошини сабукравашонро пур карда меоварданд. Амаки Ғулом дар ин гуна ҳолат зарфҳои нимлитрию ҳафсадграмиро тафовут накарда ҳақ медод. Акнун ман равшан пай мебурдам, ки вай аз ҳар як мизоҷ бемалол панҷоҳ тин — як сўм мезанад. Аз онҳое, ки мошин катӣ зарф меоварданд, бештар ҳам мегирифт, аммо одамон эътироз намекарданд. Аз афти кор, аксар шарм мекарданд, ки барои як сўм-ним сўм моҷаро кунанд ва ё бо амаки Ғулом рўхунук гаштан намехостанд. Бо амаки Ғулом рўхунукӣ ба онҳо фоида надошт. Аксар рўзҳо мо ҳамаи қуттиҳоро бо шиша пур мекардем, аммо барои бурдани он мошин намеомад. Дар ин хел рўзҳо амаки Ғулом шишаи мизоҷҳои ба таъбаш форидаро гирифта, дар рўи фарши дўкон чиданро амр мекарду шишаи шахсони ба ў бефоида ва шум медидагиашро, ки аксаран одамони ҳақталаб буданашон аён буд, қуттӣ нест, гўён қабул намекард. Ҳатто дар пеши назари ин гуна шахсон шишаи мизоҷҳои маъқулашро мегирифту бори онҳоро рад мекард.
Баъзан қуттии холӣ бошад ҳам, амаки Ғулом зарфи одамони боре ҳақталошӣ кардагиро ба ягон баҳона қабул намекарду онҳо ночор борашонро баргашта мебурданд.

пешина
аз 119
навбатӣ