Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Бас аст, фардо ба кор намеоям» ё «пасфардо, баъди рўзи истироҳат ба кор намеоям» гўён ду ҳафта кор кардаму номаълум андаке омўхта гаштам. Аммо медонистам, ки зиёда тоб оварда наметавонам. Аз шармандагӣ тарсида, чору ночор ба ин машаққат тан медодам. Ҷонам дар азоб буд, аммо ба падару модар аз ин хусус чӣ гуна даҳон кушоданамро намедонистам. Не, мурам ҳам даҳон намекушоям. Агар худашон гап кушода, маро маҷбур кунанд, ки корамро қатъ кунам, гап дигар буд. Аслан, гуноҳи худашон, бо айби онҳо ман дар азобам. Агар ягон кори табъи диламро ёфта медоданд...
Як бегоҳӣ дар омади сухан, гўё рози дили маро пай бурда бошанд, падарам гуфтанд:
— Модом ки ба кор сар кардӣ, акнун тоқат кун, вагарна дар миёни дўстонат хандахариш мегардӣ, баъд мазоқат мекунанд. Ҳеҷ гап не, ин ҳам ба ту сабақ медиҳад, зиндагиро мебинӣ.
Аммо ба кор тоб овардан осон набуд. Хусусан ки қуттиҳои пури шишаро ба мошин бор кардан, ба қавли ҳамсинфам Вайс, рўдаи касро меканд. Вай рўзе ба дўкон омада, як соат барин истоду кори маро мушоҳида кард ва ҳангоми рафтанаш норозиёна гуфт:
— Ягон кори дигар ёб... Ин амакро ман медонам, — вай ба сўи амаки Ғулом ишора кард, — ҳамроҳи хоҳарам якчанд бор шишаҳои холиро оварда супорида будем, суп-сурх дузди қаллоб аст.
Баъди ин суханони Вайс аз кори худ беш аз пеш нафрат мекардам, аммо чораи халосӣ даст намедод. Вайс инро нагўяд ҳам, ман ба чашми худ медидам, ки амаки Ғулом ҳар рўз аз ҳаққи одамон 20—25 сўм мезанаду аз он ду сўмашро, баъзан се сўмашро ба ман медиҳад. Ҳол он ки кори асосиро ман иҷро мекардам, вай фақат аз пул мезад. Лекин амак мегуфт, ки кори асосиро вай мекунад.
Умуман, то ин вақт аз ин ҷиҳати зиндагӣ фикр намекардам. Дар мактаб бо чашми худ медидам, ки духтари прокурор ҳар рўз сару либоси нав ба нави қимату нодир пўшида меояд, аммо ҳеҷ ба хаёлам намеомад, ки прокурор ҳам падари ман барин моҳона мегирад-ку, аз куҷо духтари вай ин хел либос мепўшад.

пешина
аз 119
навбатӣ