МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Амаки Ғулом мегўяд, ки баробари як профессор пул меёбад. Як рўз як профессори номдори тиб шиша оварда супоридасту амак дар омади сухан моҳонаи ўро пурсидаст. Баъди ин амак ба ман айнан гуфт: «Ман, додарам, дар хона шишаи холира ба сатили хокрўба андохта, бароварда мепартоям, беваю бечора, сағиру кабир гиранд, савоб аст мегўям! Аммо профессират шарм надошта, биста шишара бардошта омадаст!.. Боз ту мегўӣ: илм гирифтан даркор! Ана, ҳамин профессир чанд сол хонда бошад? 15—20 сол хондагист?
А? Бист сол кўр шуда хонда, профессир гаштасту боз ба пули чор шиша зор!.. Тфу!..»
Амаки Ғулом агарчи аз кори ман асосан розӣ буд, ба шиша шумурданаму қабул карданам доим эрод мегирифт:
— Ду-сеташа чиркин гўй, биста шиша биёрад, ту ҳам одам барин ҳаждаҳта ё нуздаҳта гўй, ин қадар метарсӣ!.. Хайр, бача хато кард-дия мегўянд, баъзеҳо пешакӣ нашумурда мебиёранд...
Кай ту одам мешавӣ, намедонам... — норозӣ ғут-ғут мекард амаки Ғулом.
Аммо чӣ кунам, ки ман дурўғ гуфта наметавонистам.
Рўзе ду нафар зан амаки Ғуломро дар сари фиребу найрангаш сахт гирифтанду суханоне гуфтанд, ки ман тоқат карда шунидан натавонистаму ба берун гурехтам.
Ба болои сўхта намакоб гуфтагӣ барин, чанд нафари дигар аз ваҷҳи фиребу дасисаҳои вай ба идораи назорати халқӣ шикоят навиштаанд. Тафтишу пурсопурс сар шуд, амаки Ғулом баъзан рўзи дароз давуғеч карда, аз паси пасанда кардани моҷаро овора мегашту дўкон як тин ҳам фоида намедод. Аз ин ваҷҳ ў алам кашида, боз ба ман дармеафтод.
Дар набудани амаки Ғулом баъзе мизоҷҳо маро аз хусуси ба ҷиноят печидани ў савол мекарданду ман ҳамчун шарикдасти вай хиҷолат мекашидам. Охир, онҳо маро шарики вай, зиёда аз он, аз хешу ақрабои наздикаш мешумурданд.
Фақат баъзеҳо таъкид мекарданд, ки ман ҳалол кор мекунам, ба «амакам» монанд нестам.
Баъзе занҳои маҳалла рўирост амаки Ғуломро таънасор мекарданд, аз ваҷҳи беинсофиҳои вай пичинг мепарронданд.
Масалан, якеаш рўзе рўирост гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё