Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ман мегуфтам-а, ягон рўз ба даст меафтӣ... Ягон ҳазор дода халос шудӣ ё бештар?.. Ними нон — роҳати ҷон гуфтаанд, ҳаққи мардум ош намешавад.
Ин моҷаро ҳам гузашту рафт ва тадриҷан гўё аз хотирҳо фаромўш мегашт, аммо муддати зиёде аз миён гузаштанагузашта, ба сари амаки Ғулом як фоҷеаи дилхароше омад:
писараш мошини «Волга»-ашонро савор ба ҷониби Қўрғонтеппа мерафтаст, дар барози ағбаи Фахробод ҳангоми аз як мошини боркаш пеш гузаштан ба мошине рў ба рў бархўрда, ҳалок шуд. Амаки Ғулом ҳафтае машғули азодорӣ буд, ман дар дўкон танҳо кор мекардам. Бисёр аз занону мардоне, ки зарф меоварданд, аз фоҷеаи ба сари амаки Ғулом омада пурсон мегаштанду баъди афсўсу надомат аз ҳалокати ҷавон ба маломати амаки Ғулом сар мекарданд. Ба гумонам, одамон бадбахтӣ ва шикасти баттолтарин душманашонро ҳам ин қадар хоҳон набуданд, чунон ки мусибати ўро.
— Ҷавон ҳайф гаштаст... Ба модараш мушкил... Худи Ғулом таҳи мошин монад, ҳеҷ кас афсўс намегуфт, — таассуф мекард яке. — Касофати ҳаромхўрӣ ҳамин аст.
— Ҳаққи сағиру кабир намемонад... — ба сухани вай илова мебаст дигаре.
Баъди он ки ҳафтае аз шунидани ин қабил суханон безор гаштам, амаки Ғулом ба кор баромад. Ман зуд дўконро ҳисобу китобаш катӣ ба вай супоридаму хайрухуш кардам.
— Бас аст, дигар кор намекунам! — гуфтам ман қатъӣ.
— Ин тавр нагўй... Ман ҳаққатро зиёд мекунам...
— Даркор не... Ман мехонам... Коргар мешавам, духтур, инҷинер, профессор мешавам... Аз ҳаққи мардум безорам.
Ана, баъди ҳамин воқеа ман қадри касбу кори ҳалолро донистам ва дар соли нави таҳсил оҳиста-оҳиста ба сафи аълохонон гузаштанамро худам ҳам надониста мондам. Падару модарам гумон доранд, ки сахтии кори қуттикашонӣ чашми маро ба зиндагӣ боз кард. Хайр, ман ба онҳо чӣ гўям, чӣ хел фаҳмонам, худам ҳам намедонам, ҳамаи инро ба калонсолон гуфта намешавад-ку.
марти с.1988

пешина
аз 119
навбатӣ