МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданТАҶРИБА
Дар чойхонаи маҳалла сўҳбати чойхўрон метафсид.
Марди навчаи лоғарандоме, ки бо таклифи комитети маҳалла дар хусуси мубориза ба муқобили бадмастон ва авбошон ташвиқот дошт, ҳар нафас айнакашро ба чашм монда таъкид мекард:
- Дар ҳама ҷо - ҳам дар кўчаю бозор, ҳам дар ошхонаю чойхона бо бадмастону шўрапуштон беамон бояд буд. Агар шумо аз назди онҳо бепарво гузаред...
- Як рўз дар чойхона яктааш валвала сар кард, аз гиребонаш гирифта ба берун партофтам, домулло! - самоворчӣ чойники чойро ба пеши нотиқ мондаравон хабар дод.
- Не, аз чойхона рондан кам аст. Вай ба кўча баромада, зану бача ё пири нотавонеро ғам медиҳад. Ба дасти нозирони тартибот супоридан даркор.
- Кадом шаб Шокир-пиёнро дошта сарашро ба таги қубури оби водопровод доштам,- хабар дод ҷавонмарди қавиҳайкале бо ифтихор.-Худаш ҳам чунон доду вой кард...
- Шумо ба об тар накардед, писархолааш...- эътироз кард ҷавони дар паҳлўи ў буда.
- Ману писархолааш тар кардем-дия!- исрор кард ҷавонмарди ҳайкалвор.- Ўро як худи писархолааш ўҳда намекард.
- Ман одати ин мастонро медонам,- ба гап даромад Собир-амаки музадўз бурути сафедашро молида-молида. -Аз маст агар тарсед, бой додед. Назанед ҳам, аввал мушт бардошта дўғу пўписа кунед бас, шиппас зада мегурезад. Ман як худам пор ду мастро дошта ба дасти милиса додам.
- Ура-а-а!-ин дам калавида-калавида ба чойхона Наҷот даромад. Дар як даст тоқиаш, дар дасти дигар шишаи арақи нима, масти лояқил.
Вай аз рўйи чорпоя лаъличаеро гирифта ба ҷониби нотиқ ғурронд. Хайрият лаълӣ ба вай нарасид. Аммо ранги рўйи вай аз тарс девори оҳакзадаи чойхона барин сап-сафед шуду вуҷудаш дарақ-дарақ ларзид. Нафаси ҳама ба дарун зад. Нотиқ худро ба даст гирифту айнакашро аз чашм бардошта имдодталабона ба ҳозирон чашм давонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё