Зеҳн
МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хари бобоям боз ақиб монд. Худашон пинак мераванду харашон ақиб мемонад. Хайрият, ки хар пинак намеравад, набошад ҳоло чандин бор ба замин ғелида, пешониашон қашқа мешуд. Ба хар мушкил, ҷонвар як умр дар азоб: савор мешаванд, хала мекунанд, бор мекашонанд, баста мемонанд...
Курраи хари ман дар деҳа мондааст. Ҳоло ҷонвар бе халаву шатта ба пасту баланд нигоҳ накарда, йўрға мекунад.
Хари бобоям пиру коҳил, фақат бо зарби халачўб роҳ мегардад. Бобоям мегўянд, ки аз зарбаи халачўб пўсташ чунон ғафс шудаст, ки акнун ба вай шатта таъсир намекунад. Бобоям ҳоло харро ба ҳоли худаш монда, чашмонашон нимпўш, сурудеро замзама мекунанд. Хар буттаҳои сари роҳро даҳан зада, хоҳам-нахоҳам по мемонад. Бобоям одами аҷибанд. Ба корҳои он кас гоҳ қаҳри одам меояд, гоҳ механдад. Модарам мегўянд, ки он кас одами қадим, сахтиву сустии бисёр дида, кўфта шудаанд. Ба пириашон нигоҳ накарда, дастёри беминнати хурду калони деҳа будаанд. Одамон ҳар чӣ гўянд, хуб мегуфтанд, одати не гуфта, касеро ранҷондан надоштанд.
— Бобо, тезтар ҳай кунед! — тоқатам тоқ шуду фарёд кардам.
Он кас овози маро шунида, ба сўям як назар партофтанду харашонро халачўб заданд. Баъд ба ман расида омада «Чӣ гуфтӣ?» гўён пурсиданд. Гўшашон вазнин шудаст, овозро мешунаванду чӣ гуфтани касро нафаҳмида, ба чашми одам нигоҳ карда мемонанд, гўё аз чашми кас сухани гуфтаи ўро фаҳмиданӣ мешаванд.
Рўбоҳе аз селраҳа баромада, ба сўи мо сарашро гардонда ду-се бор нигоҳ карду бехавотир ба кўҳ рост шуд.
— Бин, рўбоҳ! — дида истода бошам ҳам, бохабар карданд бобоям.
— Бобо, дар ин кўҳ гург ҳаст? — оқибат саволеро, ки диламро мехарошид, ба забон овардам.
— Ҳаст ҳам гап шуд! — аз афти кор саволи ман беҷо буд, ки бобоям табассум карданд. — Ҳо дар поён, дар сари роҳ турбатро дидӣ? — бобоям ба ақиб ишора карданд. — Турбати як аскарбача. Порсол зимистон гург хўрд, — гўё ягон ҷояшон ба дард омада бошад, бобоям рў турш карда, хомўш шуданду баъд аз таҳти дил оҳ кашида монданд.

пешина
аз 119
навбатӣ